Кран чаппа шуда, як ҷавонро кушт

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар натаҷаи чаппа шудани карни сохтмонӣ дар Душанбе як ҷавони 23 сола фавтидааст. Ҳодиса шаби шанбеи гузашта рух дод.

Ба иттилои манбаъ, крани сохтмонии баландиаш 35 метр, ки дар сохтмони яке аз биноҳои баландошёна воқеъ дар кӯчаи Сурхоби пойтахт буд, ба болои се бинои истиқоматӣ афтидааст.
Манбаъ мегӯяд, дар пайи ҳодиса ду сохтмончӣ- ҷавони 22 ва 23 ҷароҳат бардошта, аввали дар роҳ ба беморхона ҷон дод.
Гуфта мешавад табибон ҳолати ҷавони дигарии 23 соларо миёна арзёбӣ кардаанд.
Дар пайи чаппашавии кран боми се манзили сокинон зарар дидаву хушбахтона касе аз истиқоматкунандагонаш осеб надидааст.
Барои муаян сохтани сабаби ҳодиса гуруҳи корӣ таҳия шуда, таҳқиқ идома дорад, гуфтаст КҲФ А.А.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *