Кудакро хирс кушт

Дирӯз кӯдаке дар шаҳри Сочии Русия дар натиҷаи ҳамлаи хирс ба ҳалокат расид. Дар ин бора хадамоти матбуоти Раёсати Кумитаи тафтишотии Русия дар қаламрави Краснодар хабар дод.

Дирӯз, як кӯдаки 11-сола дар қитъаи замине, ки яке аз ташкилотҳои тиҷорӣ дар кӯчаи Армавирская дар деҳаи Дагомис барои нигоҳдошт ва парвариши ҳайвонҳои ваҳшӣ ба иҷора гирифтааст, тавассути дарвозаи кушода вориди он мегардад. Ҳангоми ворид гаштан ба дохили парваришгоҳ ду хирси ваҳшӣ ба ӯ ҳамла намуда кудакро сахт захмӣ мекунанд.

Шоҳидони ҳодиса гурӯҳи таъҷилиро даъват карданд. Вақте,ки духтурон омаданд, писарак аллакай мурда буд.

Айни замон аз рӯи моддаи «Бо сабаби хунукназарӣ ва марг расонидан» (ҷазо, то ду соли зиндон) парвандаи ҷиноӣ боз карда шудааст.
Муфаттишон ҳолатҳои ин ҳодисаро муайян мекунанд, аз ҷумла, оё роҳбарияти ташкилоти тиҷоратӣ барои ҳайвоноти ваҳширо нигоҳ доштан ҳақ дошт ё не? Тафтишот идома дорад.
А.А.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *