Кумаки навбатии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон

 Шавкат Мирзиёев, Президенти Ӯзбекистон ба Душанбе кумаки навбатии башардӯстона иборат аз 24 тонна маводҳои антибиотикӣ равон кард.

Тавре “Азия-Плюс” хабар медиҳад:

“Кумаки аз ҳукумати Ӯзбекистон ба Душанбе расида ба ихтиёри Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии пойтахт супурда шуд”.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохторҳои марбутаи шаҳр дастур додааст, ки истифодаи маводи тиббии дастрасшуда мувофиқи таъинот ва бепул барои муолиҷаи сироятёфтагон аз коронавирус қатъиян назорат шавад.

Зимнан зикр шуд, ки ҳамаи маводи тиббии ба сифати кумак фиристодашуда дар корхонаи муштараки Ӯзбекистону Британия Кабир — КМ ҶДММ «Samarkand England Eco-Medical» истеҳсол шудааст.

Бояд гуфт, ки 9 апрел Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 18 вагон бо маводи тиббӣ ва маҳсулоти ғизоӣ фиристод. Бо дастури президенти ҳамсоякишвар рӯзи 8 май гурӯҳи иборат аз 8 нафар табибони вирусшиноси Ӯзбекистон ба Тоҷикистон омада, инчунин бо ҳамин ҳавопаймо 10 тонна таҷҳизоти тиббӣ, аз ҷумла 10 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ фиристода шуд.

Рӯзи 9 май аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 144 контейнери тиббӣ барои дармонгоҳи сайёри муваққатӣ фиристода шуд, ки дар қаламрави варзишгоҳи “Бофанда” дар шаҳри Душанбе сохта шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *