Кумаки Рустами Эмомалӣ ба 5 ҳазор оилаи камбизоат

Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ба 5 ҳазор оилаҳои камбизоат ва маъюбони Душанбе ба маблағи 2 миллиону 500 ҳазор сомонӣ беш аз 500 тонна маводи ғизоӣ кумак расонид. Дар ин бора дафтари матбуоти шаҳрдор хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, кумак аз орду биринҷ, равған, макарон ва дигар маводи хӯрокаи ниёзи аввалияи мардум иборат аст.

Гуфта мешавад, ки кумаки яквақта бо маводи ғизоӣ дар остонаи Иди шарифи Рамазон расонида шудааст.

Рустами Эмомалӣ аз раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони корхонаву ташкилот ва соҳибкорону тоҷирон даъват кард, ба муносибати Иди Рамазон оилаҳои камбизоат ва маъюбонро дастгирӣ кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *