Кумитаи рушди маҳал аз кори худ ҳисобот дод

“Таҳкими низоми идоракунӣ яке аз вазифаҳои муҳими Кумитаи рушди маҳал аст” мегӯяд муовини аввали раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бек Қурбонзода дар нишасти матбуотии ин ниҳод.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Кумита баҳри фароҳам овардани фазои мусоид ва ҷорӣ намудани усулҳои ҳавасмандгардонии фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ дар маҳалҳо, баррасӣ ва амалисозии лоиҳаҳои гуногуни сармоягузорӣ вобаста ба таҳлили хусусиятҳои хоси ҳар як минтақа, захираҳои табиӣ ва инсонӣ, иқлим ва шароити ҷойгиршавии онҳо дар назар дошта шуда, ҳамкорӣ бо мақомоти масъул ташкил карда шудаанд. «Дар таҳияи пешниҳодҳо аҳамияти хосса ба иҷрои супоришҳои  Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки Кумита барои иҷрои он масъул аст, ҷиҳати ҷорӣ намудани усулҳои ҳавасмандгардонии фаъолияти соҳибкорон дар маҳал дода шуд»,- баён дошт муовини раис.Гуфта шуд, ки аз ҷониби Кумита ҳавасманд гардонидани соҳибкорон бо фароҳам овардани шароит барои баланд бардоштани сатҳи касбият ва иттилоотонии онҳо ба роҳ монда шуда, мукофотонидани онҳо бо мукофотҳои соҳавии вазорату идораҳо ташкил карда мешавад.«Ин ташаббус метавонад «Саҳм дар соҳаи рушди маҳал» ва амалигардонии пешниҳодҳоро барои ҷалби соҳибкорон ба корҳои ободонию бунёдкории таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби татбиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо, ташкили корҳои ободонию бунёдкорӣ ва тасдиқ намудани он дар маҷлиси вакилони шаҳру ноҳия мусоидат намояд»,- илова намуд Бек Қурбонзода.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *