Кумитаи забон: Номи фарзандатонро Аврора ё Охунд нагузоред!

Масъулони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон ҳушдор доданд, ки аз гузоштани номҳои бегонае чун Аврора, Охунд, Ёсин ё Эсмира худдорӣ кунанд.

Дар нишасти матбуотии ин кумита таъкид шуд, ки дар соли ҷорӣ аз 420 пешниҳоди сокинон барои номгузории фарзандон 183-тоаш рад шудааст.

Ба гуфтаи кумита, дар номгузории фарзандон бояд  аз “Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ”, ки дар соли 2016 мунташир гардидааст, истифода шавад. Дар сурати пайдо накардани номи мувофиқ дар ин феҳрист падару модар исми пешниҳодии худро бояд бо Кумитаи забон ва истилоҳот ҳамоҳанг кунанд.

Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот гуфт, ҳатто агар зани обистани тоҷик дар сафари хориҷӣ фарзанде ба дунё оварда ва дар он кишвар номгузорӣ шуда бошад, дар сурати мутобиқат накардан ба меъёрҳои номгузории миллӣ пас аз бозгашт ба ватан исми фарзандро иваз кунад.

Ҳамзамон, ӯ таъкид кард, ки ҳамасола аз ҷониби сокинони Тоҷикистон беш аз 100 номи нав барои феҳрист пешниҳод шуда, пас аз баҳсу баррасӣ ва дар сурати доштани решаҳои тоҷикӣ асомии мазкур ба “Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ” шомил мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *