Курсии Хидирзода дар Хатлон холист

Махфират Хидирзода, муовини раиси вилояти Хатлон бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифааш барканор шуд. 

Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират Хидирзода рӯзи 25 октябр дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон узви Маркази интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон интихоб гардид. 

Тавре ки як манбаъ аз Ҳукумати вилояти Хатлон хабар дод, ҳоло курсии Махфират Хидирзода холист ва касе таъин нашудааст.

Ёдрас мешавем, ки Махфират Хидирзода ба вазифаи муовини раиси вилояти  Хатлон соли 2016 таъин шуда буд.

Махфират Хидирзода  доктори илмҳои фалсафа, профессор буда, соли 2000 бо мукофоти давлатии Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ, соли 2011 бо медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст. Солҳои 2010-2013 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон ва солҳои 2013-2016 — Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *