Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Куштор дар пахтазори Гулзор

3-юми сентябри соли 2016, соати 17:00-дақиқа аз заминҳои деҳаи Гулзори ноҳияи Бохтар, тахминан 200-метр дуртар аз роҳи мошингарди шаҳри Қурғонтеппа ҷасади зани шахсияташ номаълум, миллаташ маҳаллӣ ёфт шуд.

Ӯ тахминан 25-30-сола буда, бо аломатҳои марги маҷбурӣ, яъне аз тарафи чапи гардан 22 захм ва аз тарафи қисмати рости бадан бо 6 захми халандаю буранда дарёфт гардид.

Барои муайян намудани шахсияти ҷасад ва дастгир кардани ҷинояткорон аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи милитсияи РВКД дар вилояти Хатлон, ШВКД дар ноҳияи Бохтар ва мақомоти прокуратура гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ ташкил карда шуд.Санаи 4-уми сентябри соли 2016 кормандони милитсия дар якҷоягӣ бо кормандони Прокуратураи вилояти Хатлон муайян намуданд, ки ин ҷасади зани 23-солаи сокини шаҳри Қурғонтеппа мебошад.

Ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор ду нафар ҷавон: сокини 21-солаи шаҳри Қурғонтеппа ва сокини 22-солаи ноҳияи Бохтар, ки қаблан бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудаанд, муайян ва дастгир карда шуданд.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

 

 

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.