Куштори ҷавони 19-сола дар Ваҳдат

Кормандони милитсия се ҷавони синну солашон 24, 19, ва 18-ро бо гумони қасдан аз ҳаёт маҳрум кардани як ҷавони 19-сола дар шаҳри Ваҳдат дастгир кардаанд. Дар ин бара дафтари матбуоти ВКД хабар медаҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, номбурдагон, санаи 1 феврали соли 2020, тахминан соати 09:30-дақиқа, дар деҳаи Меҳрбахши ҷамоати деҳоти Р.Исмоилов шаҳри мазкур, бо ҷавони 19-солаи сокини кӯчаи Н.Ҳасани ҳамин шаҳр вохӯрда, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо корд 1-маротиба ба қафаси синааш задаанд.

Дар натиҷа, ҷабрдида дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *