Куштори ҷавони 20- сола аз ҷониби ноболиғ

Як ноболиғи 17-солаи сокини ҷамоати деҳоти С.Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки бо иси ҳалок гардидани ҷавони 20 сола гардид  дастгир карда шуд.

Номбурда, санаи 17-уми июни соли 2020, тахминан соати 19:30-дақиқа дар ҷамоати деҳоти С.Истиқлол бо ҷавони 20-солаи сокини ҷамоати деҳоти С.Истиқлоли ноҳияи мазкур аз сабабҳои муносибатҳои оштинопазир баҳсу мунозира карда, аз замин дости алафдаравиро гирифта, ба қисми чапи қафаси синаааш задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Нисбати гумонбаршаванда аз тарафи прокуратураи ноҳия парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *