Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Латиф Пидром: Тоҷикӣ? Аз Афғонистон бирав!

Ё чаро тоҷикон ғалаба мекунанду паштуҳо сари қудрат меоянд?

— Дар 4 интихобот – интихоботи солҳои 2004, 2009, 2014 ва 2019-и Афғонистон  тоҷикон ғолиб шуданд, вале паштуҳо ба сари қудрат омаданд, зеро қудратҳои калон пуштибони онҳоянд. Мо — тоҷикон дар Афғонистон қударти сиёсӣ нестем. Ба мо имкон намедиҳанд, ки ҳатто аз ҳувияти худ дифо кунем. Бо вуҷуди ин мубориза мебарем ва ҳеҷ гоҳ созиш нахоҳем кард…

Суҳбати мо бо узви Парлумон, раиси Ҳизби Кунгураи миллӣ ва номзад дар интихоботи президентии Афғонистон Латиф Пидром асосан атрофи ду масъала – нақши тоҷикон дар интихоботи Афғонистон ва вазъи тоҷикон дар кашмакашиҳои қавмии ин кишвар сурат гирифт, ки фишурдаи онро манзури шумо мегардонем.

-Ҷаноби Пидром, вазъи Афғонистон шадидтар мешавад. Кумитаи марказии интихоботи Афғонистон Ашраф Ғанӣ Аҳмадзайро пирӯз эълон кард. Мухолифи асосии ӯ Абдуллоҳ Абдуллоҳ бошад, аз таъсиси як ҳукумати ҳамашумул хабар дод. Амрико ҳам маросими савгандёдкунии Ғаниро барои вақти номаълум боқӣ гузошт… Назари шумо дар ин кашмакашиҳо чӣ гуна аст?

 — Ман аз аввал гуфта будам, ки интихобот дар шароите, ки мо дорем, демокративу шаффоф намегузарад ва интихоботи тақаллубӣ хоҳад шуд. Амрико паштуҳоро бори дигар сари ҳокимият хоҳад овард ва ин боиси ба вуҷуд омадани як низоъи нав дар Афғонистон хоҳад шуд ва раванди сулҳсозиро барои чандин сол қафо хоҳад бурд. Ҳамин тавр ҳам шуд. Имрӯз вазъ дар кишвар муташанниҷ аст.

Дар масъалаи интихобот мехоҳам гӯям, ки ҳеҷ интихоботе дар Афғонистон набуд. Маъракае, ки баргузор шуд, ба ягон меъёр ҷавобгӯ набуда, тақаллубӣ аст. Тасаввур кунед, ки Афғонистон ба қавле 35 миллион аҳолӣ дорад, ки 11 миллиони он қобили раъйдиҳӣ ҳастанд (тибқи иттилои Комиссияи марказии интихоботи Афғонистон, 9, 7 миллион). Аз ин теъдод дар интихобот ҳамагӣ 1 миллиону 820 ҳазор нафар ширкат карданд, ки барои як кишвари бо аҳолии 35 миллион сифр аст. Ин рақам куҷову 923,6 ҳазор (ҳудуди 3%) раъй ба Ғанӣ куҷо? Кӣ гуфтааст, ки якуним миллион нафар мавқеи 35 миллионро намояндагӣ мекунад? Бинобар ин, Ашраф Ғанӣ ба ҳеҷ ваҷҳ Президенти интихобшудаи Афғонистон нест. 

Дигар ин ки интихобот бо мушкилоти зиёд баргузор шуд ва якуним миллион баргаро панҷ моҳ ҳисоб карданд. Тасаввур кунед Хитой ё Амрико барин давлатҳои сернуфуз натиҷаи интихоботро дар як шабонарӯз муайян мекунад, аммо Афғонистон дар панҷ моҳ ва он ҳам дар Олмон. Дар ин муддат сандуқҳои раъйгирӣ аз ин ҷо ба он ҷо бурда мешуданд. Дар ин давра, ҳар тақаллубе, ки тавонистанд анҷом доданд ва дар ниҳоят Ғаниро пирӯз эълон карданд. Кӣ чунин натиҷаҳоро қабул мекунад? Табиист, ки ҳеҷ кас. Мо маҷбур шудем, ки дар Афғонистон дуҳокимиятӣ эълон намоем.

-Мувофиқи Қонуни асосии шумо, чанд фоизи аҳолӣ дар раъйдиҳӣ бояд ширкат кунад, ки интихобот баргузоршуда ҳисоб шавад?

-Қонуни асосии Афғонистон, ки як санади ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ номида мешавад, камбудии зиёд дорад. Барои мисол, одитарин талаботи интихобот ҳадди нисоб ё фоизи ширкаткунандагони интихобот нишон дода нашудааст. Ҳамин аст, ки дар кишвари мо бо якуним миллион раъй раисҷумҳур мешаванд. 

-Шумо бештар дар мавриди тақаллуб дар интихобот ҳарф мезанед, аммо коммусиюн интихоботро бидуни тақаллуб хонд…

-Бале, зеро онҳо чунин дастур гирифтаанд. Ман дар суҳбати рӯ ба рӯ ба Ашраф Ғанӣ ин масъаларо гуфтам. Ҳукумат гуфт, ки барои тақаллубкорӣ дар интихобот мо шаш комиссари масъулро ҳабс кардем. Ман аз Ғанӣ пурсидам, ки агар 6 нафар ҳабс шуда бошад, пас чӣ гуна интихобот бидуни тақаллуб мешавад? Ва агар бидуни тақаллуб бошад, чаро 6 нафар дар ҳабс ҳастанд?

-Шумо дар мавриди дуҳокимиятӣ гуфтед. Феълан, Абдуллоҳ Абдуллоҳ мехоҳад ҳукумати нав ташкил кунад…

-Ва ҳақ ҳам дорад. Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо тақаллубу бе тақаллуб раъйи бештарро ба даст оварда буд. Инро ман ҳамчун як ҳарифи ӯ мегӯям. Мо узви як Шӯрои номзадҳо будем, аммо аз оғоз то анҷом ҳамеша эълон доштем, ки натиҷаҳои интихоботро қабул нахоҳем кард ва Ғанӣ ҳам раисҷумҳури мо нест. Ҳамин тавр, мо бо тими Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар як масир қарор гирифтем. Ҳоло мавқеи мо ин аст, ки ҳамагӣ Ғаниро нагузорем, ки ҳукумат кунад. Агар ҳарфи таъсиси ҳукумат бошад, бигзор, Абдуллоҳ Абдуллоҳ онро таъсис диҳад, зеро раъйи бештар гирифтааст.

-Таъсиси ҳукумати Абдуллоҳ Абдуллоҳ чӣ паёмаде ба Афғонистон хоҳад дошт?

-Бо таъсис ёфтани ҳукумати Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар Афғонистон ҷанги нав шурӯъ мешавад, ки боиси таҷзияи кишвар хоҳад шуд. Зеро маротибаи сеюм аст, ки амрикоиҳо ба зӯр сари мардуми Афғонистон роҳбар таҳмил мекунанд. Ин дигар қобили таҳаммул нест…

Бинобар ин, агар таҷзияи Афғонистонро нахоҳанд бояд ҳукумати муваққатӣ таъсис ёбад, ки вазъро ба эътидол орад ва интихоботи баргузоршударо ботил хонда, интихоботи навро роҳандозӣ кунад. Дар ҳукумати муваққат Ғанӣ, Абдуллоҳ ва мо набояд ҳузур дошта бошем. Ман фикр мекунам, ки интихоби роҳи дувум барои Афғонистон одилона аст, зеро мо ба ҳеҷ ваҷҳ таҷзияи Афғонистонро намехоҳем. Мо мехоҳем, ки дар Афғонистон ҳукумате ба қудрат ояд, ки манофеи ҳамаи ақвомро ҳимоя кунад, на ин ки бо шовинизм мавқеи миллатҳои дигарро танг намояд.

-Ахиран музокироти Амрико бо “Толибон” бо имзои созишномаи сулҳ поён ёфт. Тавре медонем, ин гурӯҳ Ғаниро намехоҳанд. Дар ин вазъият ё Ашраф Ғанӣ метавонад ҳукуматдорӣ кунад?

— Бубинед, ҳам Ашраф Ғанӣ ва ҳам “Толибон” пружаҳои Амрико ҳастанд. Маҳз амрикоиҳо ба Ғанӣ дастур доданд, ки пирӯзии худро эълон кунад ва маҳз бо супориши онҳо маросими савгандёдкунии Ашраф Ғанӣ мавқуф гузошта шуд. Ду пружаро дар Афғонистон роҳандозӣ кардани Амрико оғози бозии нав аст, ки оқибати хуб надорад.

“Толибон” дар оянда Иморати исломиро дар Афғонистон мехоҳанд ва муқобили Ғаниву Абдуллоҳ ва мо ҳастанд. Мо инро ба ҳеҷ ваҷҳ намехоҳем. 

Хоҳиши мо чӣ аст? Бунёди Афғонистони демократӣ, ки барои ҳамаи ақвом имкони зиндагии шоиста бидиҳад. Аммо паштуҳо, ки бо таҳмили Амрико сари қудрати Афғонистон ҳастанд, мавқеи ақвоми дигарро танг мекунанд. Махсусан тоҷикҳоро. Мо дар Афғонистон қувваи сиёсӣ ва таъсиррасон нестем, зеро дар ҳукумат нестам. Феълан, ба ҷуз паштуҳо, тоҷикони Афғонистон, ба мисли ақвоми дигар дар вазъияти ногувор қарор доранд…

-Ҷаноби Пидром, Афғонистон як давлати қавмӣ аст. Солҳои охир мавқеи тоҷикон дар ин кишвар танг мешавад. Шумо ҳам борҳо аз ин раванд интиқод кардед. Сабаб чист?

-Посухи ин суол рӯшан аст, зимоми ҳукумат ва қудрат дар ин кишвар дар дасти паштуҳост. Тоҷикон дар Афғонистон қудрат надоранд. 

-Афғонистон қисме аз Хуросони таърихист ва сарзамини азалии тоҷикон мебошад. Сабаб чист, ки тоҷикон нуфузи худро дар ин кишвар, ки аз назари таърихӣ соҳибаш ҳастанд, аз даст доданд?

-Дар посух ба ин суоли шумо лозим медонам, ки каме сайри таърих бикунам. Аз ибтидо қавми тоҷик дар сарзамини феълии Афғонистон, ки қаблан қисме аз Хуросони бузург буд, иқомат  мекард. Маҳз тоҷикон дар ин сарзамин фарҳангу тамаддун бунёд карданд, ки далели ин адабиёти ҳазорсола ва илму ҳикмат аст, ки бо забони форсӣ эҷод шудааст. Мутасссифона, пас аз қарни XVII муқовиматҳо оғоз шуданд ва қавмҳое, ки дар кӯҳҳои Сулаймон зиндагӣ мекарданд, ба ин сарзамин омаданд.

Тоҷикон, ки аз азал мардуми муросокор ҳастанд, ин ақвомро пазируфта, дар ҳудудҳои худ роҳ доданд. Пас аз он ки онҳо дар ин сарзамин худӣ шуданд ва ҷой гирифтанд, дар асри XVIII худро таҳҷоӣ эҳсос кардаву дар асри XIX бо кумаки қудратҳои дигар мавқеи тоҷиконро танг карда, зимоми қудратро ба даст гирифтанд…

Ҳамин тавр, оҳиста-оҳиста, сарзамини тоҷикон зери султаи онҳо қарор гирифт ва дар замони Амонуллохон, бо кӯшиши русҳову инглисҳо давлате ба вуҷуд омад, ки Афғонистон ном дорад. Пас аз ин барои ин давлат ҳувияти ҷаълӣ (сохта) ба вуҷуд омад. Паштуҳо «аксарият» унвон шуданду тоҷикон ба ҳошия рафтанд…

-Яъне шумо, Афғонистонро номи сохта барои як давлат медонед?

-Бале. Бубинед, вақте ман «афғон» мегӯям, паштуро дар назар дорам, вақте Афғонистон мегӯям, низ онҳоро таъкид мекунам. Чаро маҳз паштуҳо ба Русия ва Инглистон писанд омаданду дастгирӣ ёфтанд. Сабаб дар он аст, ки дар муқовиматҳои асри XIX ва аввали асри ХХ паштуҳо дар Афғонистон худро қавми аввал ё аксарияти аҳолии ин кишвар муаррифӣ карданд.  Ҳамин тавр, ҳам дар замони инглисҳо, ҳам Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳам Амрико паштуҳо ба сифати аксарияти аҳолӣ ва ё қавми аввал мавриди ҳимоя қарор гирифтанд ва имрӯз низ аз ин пуштибонӣ бархӯрдоранд. Дар ин давра тоҷикон ба ҳошия ронда шуданд… Ин аст, ки Афғонистон барои ман, номи ҷаълӣ аст ва мо солҳост роҳҳои тағйири ин номро ҷустуҷӯ мекунем.

-Магар тағйир додани додани номи давлат имконпазир аст?

-Бале. Вақте мо дар бораи Афғонистон сухан мегӯем, дар бораи таммаддуни ҷаълӣ  ҳарф мезанем, ки манфиатҳои ҳама ақвоми кишварро фаро намегирад. Ман аллакай чандин маротиба дар парлумони кишвар пешниҳод кардам, ки Афғонистон дунома шавад…

-Чӣ тавр?

-Ман мехоҳам, ки дар баробари Афғонистон номи расмии дигари ин кишвар Хуросон бошад. Ҳамин тавр, давлат мешавад бо ду ном. Мисли он ки Олмонро ҳам, Ҷермани (Германия) ва ҳам Дойчленд- Deutschland меноманд ё Ҳуландро ҳам Ҳолланд ва ҳам Нидерланд ном мебаранд. Ин як чизи маъмулист…

-Аз дунома шудани Афғонистон чӣ муроде ҳосил мешавад?

-Ҳадаф ҳимояи манофеи ақвоми дигар, аз ҷумла тоҷикони Афғонистон аст. Имрӯз дар кишвари мо кӯшиш мешавад, ки  ҳавзаҳои тамаддуниро нобуд кунанд. Монеи мо мешаванд, ки бо марказҳои тамаддунӣ, бо Тоҷикистон, бо Ӯзбекастону Туркманистон гуфтугӯ кунем ва мутаассифона, то ҷое ба ин муваффақ шуданд.

-Феълан дар Афғонистон мехоҳанд, ҳамаро дар шиноснома «афғон» нависанд. Ин амр ба андешаи шумо чӣ паёмад дорад?

-Мо зидди ин амр ҳастем. Имрӯз масъалаи баҳси ҳувият дар Афғонистон як масъалаи ҷиддӣ аст. Қавми паштун мехоҳанд, ки ҳамаро дар тазкира (шиноснома)  «афғон» нависанд ва тоҷику ӯзбеку, туркманро ором-ором аз байн баранд. Мо ин гуна тазкираро қабул надорем. Мо тоҷик ҳастем ва бояд дар тазкираамон миллатамон навишта шавад. Ин масъаларо мо дар парлумон баррасӣ кардем. Ман пешниҳод кардам, ки агар шумо дар тазкира ҳамаро афғон нависед, пас дунома шудани Афғонистонро қабул кунед. Қабул накарданд ва қарори «афғон»-созии ақвоми Афғонистон низ қабул нашуд. Ба ин хулосаи парлумон худи оғои Ашраф Ғанӣ, ки раисҷумҳур буд, имзо гузошт. Инак, боз худи ӯ қарори шовинистӣ қабул карда, ки ҳамаро «афғон» нависед. Касе агар монеъи афғон навиштан дар шиноснома шавад ва ё талаби миллати худаш кунад, ба ӯ нафақа надиҳед, виза надиҳед…  Агар тоҷикон дар шиноснома «тоҷик» навиштанро исрор кунанд, мегӯянд: «Тоҷикӣ? Аз Афғонистон рав! Ба Самарқанду Бухоро ва ё Душанбе…».

-Ба андешаи шумо чаро ин масъала дар Афғонистон доғ шуд? Ҳол он ки ин метавонад боиси сар задании кашмакашӣ бошад…

-Шовинистон мехоҳанд, ки ақвоми дигарро ором-ором нест кунанд. Огоҳед, ки тамоми рамзҳои давлатиро самбули паштуҳо карданд. Суруди миллӣ бо забони пашту аст. Вақте ин суруд садо медиҳад, 80 дарсади аҳолӣ онро намефаҳмад. Парчам самбули паштуҳост. Феълан мо ҳақ надорем гӯем донишгоҳ.  Ҳақ надорем калимаи бонуро кор барем, зеро инҳо «хориҷӣ» ҳастанд. Яъне, барои мо забон ва вожагон ҳам талқин мекунанд. Номҳои шаҳру ноҳияҳо, ки тоҷикиву ӯзбекӣ буданд, бо паштуи тағйир дода шуданд. Албатта, дар манотиқе, ки паштуҳо роҳбарӣ мекарданд. Барои мисол, Сабзавор шуд Шиндан ва Қаротаккак шуд Турғундӣ…

-Ҳоло барои ҷилавгирӣ аз ин барномаҳои шовинистӣ чӣ корҳо сурат мегирад?

-Албатта, мо ин кӯшишҳо ва дастуроти онҳоро қабул намекунем ва то охир мубориза хоҳем бурд. Феълан мо дар Афғонистон Шӯрои олии тоҷикон ва  форсизабонон ташкил кардем, ки тамоми тоҷикон ва форсизабонони кишварро ба ҳам овардааст. Намояндагии ин шӯро дар ҳамаи шаҳрҳои калон боз шудааст. Ҳатто қабилаҳое пайдо шуданд, ки забонро гум кардаанд, аммо гуфтанд, мо тоҷик будем аз тарси паштуҳо худро паштун муаррифӣ кардем… Мехоҳем ба асли худ баргардем. Мо феълан талош мекунем, ки дар қудрати сиёсӣ мақом дошта бошем. Бинобар ин, ман аз ҳукумати Абдуллоҳи Абдуллоҳ пуштибонӣ мекунам…

Мусоҳиб

Одил Нозир

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.