Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Латукӯби бародар бо чӯбдасти бел

Як марди 48-солаи сокини ҷамоати деҳоти Тағояки ноҳияи Спитамен бародари худро бо чӯбдасти бел бераҳмона латукӯб намуда, то ба маъюбӣ расонидааст. Дар ин бора ВКД хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, номбурда 21-уми апрели соли 2020, тахминан соати 19:30-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи ба миён омада бо додараш марди 46-сола, ҷангу ҷанҷол карда, бо чӯбдасти бели хоҷагӣ ба узвҳои баданаш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.