Лавров дар Душанбе чиро баррасӣ мекунад?

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ба Душанбе омад ва рӯзҳои 13-14 июл дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Ҳамкории Шанхай (Шӯрои вазирони СҲШ) ширкат мекунад..

Зимни мулоқоти Афғонистонро, ки дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои ИМА бад шудааст, инчунин омодагӣ ба мулоқоти раҳбарони СҲШ, ки моҳи сентябр ба нақша гирифта шудааст, баррасӣ мекунанд.
Рӯзи 14 июл мулоқоти алоҳидаи вазирони корҳои хориҷии ин созмон бо ҳамтои афғонашон Муҳаммад Ҳаниф Атмар дар шакли гурӯҳи тамосии СҲШ ва Афғонистон мавриди назар аст.

Намояндаи Кобул вазъи кунунии Афғонистонро арзёбӣ карда, дидгоҳи ҷониби Афғонистон оид ба ҷанбаҳои мушаххаси ҳамкорӣ бо кишварҳои СҲШ дар шароити кунуниро баррасӣ хоҳад кард.

Интизор меравад, ки пас аз ин мулоқот вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ изҳороти муштарак қабул кунанд.
Ин ҷаласа марҳилаи ниҳоии омодагӣ ба нишасти Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ-ро, ки рӯзҳои 16-17 сентябр ба нақша гирифта шудааст, мекушояд.

Вазъи Афғонистон боиси нигаронии шадиди ҷомеаи ҷаҳонӣ шудааст. «Толибон»* баъди хуруҷи нерӯҳои Амрико фаъолтар шуданд.
Ҷангиён ба шаҳрҳои калон ҳамла намуда, аллакай қаламравҳои назаррасро тасарруф кардаанд.
Вазъият дар минтақа муташанниҷ боқӣ мемонад. «Толибон»* ҳамоно ҳамла мекунанду маконҳои навро забт менамоянд.

* — ташкилоти террористие, ки дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар фаъолияташ мамнуъ аст

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *