«Левилимаб»: дуюмин доруи зидди COVID — 19 дар Русия

Вазорати тундурустии Русия дуюмин доруеро тасвиб кард, ки ба паҳншавии бемории коронавирус дар бадан монеъ мешавад.
Ин дору “Левилимаб» (номи тиҷоратии «Илсира») пас аз озмоишҳои клиникӣ шаҳодатнома дар бораи сабти ном гирифт.

Вазорат гуфт, ки ин дору дар беморони гирифтори коронавируси вазнин бисёр муассир аст.
Дору, ки аз ҷониби Ширкати биотехнологии Русия «Биокад» таҳия шудааст, дар ибтидо барои табобати артрит истифода мешуд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Вазорати тандурустии Русия аввалин доруи сохти ватании зидди коронавирусро барои истеҳсол иҷоза дода буд.
Маводи доруворӣ бо тамғаи тиҷоратии «Авифавир» аз ҷониби Фонди сармоягузории мустақими Русия (РФПИ) ва гурӯҳи ширкатҳои «Химрар» таҳия карда шудааст.
Гуфта мешавад, Авифавир нахустин доруи мустақими вирусии сохти Русия аст, ки дар озмоишҳои клиникӣ самараи худро нишон додааст.
Дору ба паҳншавии коронавирус дар тамоми бадани инсон халал мерасонад.
Қаблан Созмони ҷаҳонии беҳдошт гуфта буд, ки бидуни ваксина пандемияро комилан мағлуб кардан имкон надорад.

Пешниҳод:

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *