Лигаи олӣ: Медалҳои биринҷӣ барои «Регар-ТадАЗ»

Бегоҳии 15 декабр маросими тантанавии қадр кардани дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо медалҳои биринҷӣ, ки дар ҷамъбасти мавсими соли 2016 байни 9 дастаи лигаи олии кишвар ҷойи сеюмро ишғол кардааст, баргузор шуд.
Боиси тазаккур аст, ки медалҳои биринҷиро ҳам ҳайати асосӣ ва ҳам ҳайати дуюми «Регар-ТадАЗ» сарфароз гардиданд. Бинобар иттилои сомонаи ФФТ, ҷоизаҳои биринҷиро ба футболбозони регарӣ ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯраев ва директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов супориданд.
Дилшод Ҷӯраев ҳайати дастаро бо муваффақияти навбатӣ табрик намуда, ба унвони роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи тоҷик», ки бошгоҳи «Регар-ТадАЗ»-ро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад, арзи сипос намуд.
Директор по экономике и персоналу компании «ТАЛКО» Павел Дик в своей поздравительной речи поблагодарил игроков и тренерско-руководящий состав клуба «Регар-ТадАЗ» за выигрыш бронзовых медалей в чемпионате Таджикистана.
Э. НАЗАРОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *