“Лимит”-и барқ ҷорӣ шуд ё таъмир меравад?

Сокинони бисёр минтақаҳои кишвар шикоят аз он доранд, ки як ҳафта боз бо маҳдудият нирӯи барқ мегиранд.

Онҳо нигаронанд, ки “лимит” ҷорӣ шудааст. Аммо масъулони ширкати “Барқи Тоҷик” гуфтанд, барои омодагӣ ба зимистон “зеристгоҳҳои бузург ва хатҳои баландшиддатро таъмир мекунанд”.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯйи ширкати “Барқи Тоҷик”, мегӯяд, ки ҳанӯз рӯзи 6-уми октябр бо нашри изҳорот сокинонро огоҳ карда буданд, ки “бо сабаби иҷрои охирин корҳои назоратии тайёрӣ ба зимистон дар баъзе аз минтақаҳо, аксаран рӯзона, мумкин аст, барқ қатъ шавад”. Ӯ гуфт, “инро ба ҳеҷ ваҷҳ набояд ҷорӣ намудани маҳдудият дар интиқоли барқ ҳисоб намуд”.

Дар як изҳороти ширкати “Барқи Тоҷик” низ гуфта мешавад, ки “корҳои назоратии таъмирӣ-профилактикӣ дар муҳлати кӯтоҳ ба охир мерасанд ва интиқоли барқ боз ба эътидол медарояд”.

Ширкат мегӯяд, ин корро барои он анҷом медиҳад, ки дар фасли зимистон мушкил пеш наояд. Сокинони Тоҷикистон дар 20 соли ахир дар фасли тирамоҳу зимистон шоҳиди маҳдудиятҳои шадиди интиқоли нерӯи барқ буданд. То соли 2010 сокинони пойтахт, шаҳри Душанбе, низ бо маҳдудият барқ мегирифтанд. Соли 2017 мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, чархаи нерӯгоҳи Роғун ба кор даромадааст ва дигар барқ ба сокинон бо лимит ё реҷа интиқол нахоҳад ёфт, вале ҳанӯз ҳам дар фасли зимистон камбуди барқ эҳсос мешавад. Баҳору тобистони имсол ва тирамоҳи соли гузашта сокинон аз камбуди нерӯи барқ шикоят карданд, вале мақомот гуфтанд, расман лимит ҷорӣ нашудааст ва онро ба кам шудани сатҳи об дар дарёву обанборҳо рабт доданд.Ширкати «Барқи Тоҷик» мегӯяд, дар шаш моҳи аввали имсол нерӯгоҳҳо ва марказҳои барқу гармидиҳии зери дасташ тақрибан ҳашт миллиард киловат соат барқ истеҳсол кардаанд. Тоҷикистон қисме аз барқи истеҳсолшударо ба Афғонистону Узбекистон мефурӯшад. “Барқи Тоҷик” мегӯяд, дар нимсолаи аввал ба Афғо¬нис¬тон беш аз 500 миллион киловат соат ва ба Узбекистон 358 миллион киловат соат барқ содирот кардаанд, ки дар муқоиса ба ин давраи соли гузашта садҳо киловат соат камтар аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *