Лоиқ Раҷабов дар қатори 10-гонаи беҳтарин

Лоиқ Раҷабов ба рӯйхати 10-гонаи размкорони беҳтарини муҳорибаҳои омехта (ММА) аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2019 дохил шудааст. Хабар медиҳад нашрияи «ТурСтат»-и Русия.

Тибқи иттилои манбаъ Ҳабиб Нурмагомедов (Русия), Фёдор Емеляненко (Русия), Пётр Ян (Русия), Алберт Туменов (Русия), Забит Магомедшарипов (Русия), Магомед Исмоилов (Русия), Маҳмуд Муродов (Узбекистон), Андрей Орловский (Беларус), Жалгас Жумагулов (Қазоқистон), Тофик Мӯсоев (Озарбойҷон) ва Лоиқ Раҷабов (Тоҷикистон) ба рӯйхати 10-гонаи беҳтарин размкори ММА аз кишварҳои ИДМ дар соли 2019 дохил шуданд.

Гуфта мешавад, ки ба Ҳабиб Нурмагомедов 33%, ба Фёдор Емеляненко — 14%, ба Пётр Ян — 12%, ба Алберт Туменов ва Забит Магомедшарипов — 7%, ба Магомед Исмоилов ва Маҳмуд Муродов — 5%, ба Андрей Орловский, Жалгас Жумагулов, Тофик Мӯсоев ва Лоиқ Раҷабов — 3% овоз додаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *