Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

«Лондон»ро бо «Парасту» дар Душанбе ҳабс карданд

 Дар шаҳри Душанбе мудирони тарабхонаҳои «Лондон» ва «Парасту» барои халалдор кардани оромии сокинони шаҳр боздошт шудаанд.

Бино ба иттилои маркази матбуотии Раёсати ВКД-и Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, сарфи назар аз дастур (кори маконҳои фароғатӣ дар Душанбе то соати 23:00 иҷозат дода шудааст)-и фаъолият, ин тарабхонаҳо ҳатто пас аз нисфи шаб корашонро идома додаанд.

Гуфта мешавад, ҳамчунин ин масъулон шароити беҳдоштиро риоят накарда, дар нимашаб садои баланду гӯшхароши мусиқии тарабхонаҳо оромии сокинон ва тартиботи ҷамъиятиро халалдор кардааст.

Манбаъ мегӯяд, қаблан кормандони милитсия ба мудирони ин тарабхона дар ҷиҳати бартараф кардани ин мушкил ва танзими хадамоти онҳо огоҳиномаи хаттӣ дода буданд, аммо маъмурияти ин марказҳо бидуни бартараф кардани ин навоқис ба фаъолияти худ идома додаанд.

Дар робита ба ин мудирони маконҳои фароғатӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, бо қарори додгоҳ онҳо барои чанд рӯз ҳабс шуданд.

Ҳамин тариқ мудири тарабхонаи «Лондон» Умеҷон Саидқулзода ба муддати 5 рӯз ва аз тарабхонаи «Парасту» Беҳрӯз Садриддинов ба муддати 7 рӯз ҳабс шудаанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.