Лукашенко пинҳонӣ савганд ёд кард

Лукашенко ба ҳайси президенти Беларус ба кор шурӯъ кард. Дар ин бора БелТА иттилоъ медиҳад.

Дар ВАО видеое нашр шуд, ки дар он як корвони мошинҳо дар хиёбони Истиқлол дар Минск ҳаракат мекунанд ва издиҳоми мардум дар назди қароргоҳи президент- Қасри Истиқлол дар Минск мушоҳида мешаванд ва тахмин меравад, ки Лукашенко пинҳонӣ маросими инагуратсияи президенти Беларусро мегузаронад.

«Лукашенко вазифаи президентиро ба дӯш гирифт» хабар дод агентии давлатии Беларус БелТА.

Дар маросими савгандёдкунӣ чандсад нафар, аз ҷумла мансабдорони баландпоя, аъзои парлумон, роҳбарони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, васоити ахбори умумии ҷумҳурӣ, олимон, фарҳангиён ва варзишгарон ҳузур доштанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *