Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Мақомот нигарон аст: 132 млн қарзи Кӯлоб

Аҳолӣ, ташкилоту идора ва корхонаҳои шаҳри Кӯлоб дар назди ҶСК “Шабакаҳои барқи шаҳр” 132 миллион сомонӣ қарздор шудаанд.

Қарзи аҳолӣ дар назди ҶСК “Шабакаҳои барқи шаҳр” 89 миилион сомониро ташкил медиҳад. Ташкилоту идораҳои буҷетиву ғайрибуҷетӣ бошанд 43 миллион сомонӣ қарздор шудаанд.

Ҳамчунин аз ҳаққи истифодаи барқ Идораи обу корезии шаҳр 6 миллион сомонӣ, беморхонаи вилоятӣ дар минтақа 600 ҳазор сомонӣ, бозори “Саховат” 500 ҳазор сомонӣ, Идораи беҳдошти замин ва обёрии ш.Кӯлоб 270 ҳазор сомонӣ қарздор ҳастанд.

Раванди маҷбуран ситонидани қарзи ҳаққи истифодаи барқ гарчанде ба роҳ монда шуда бошад ҳам, аммо он дар сатҳи хеле паст қарор дорад.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.