Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

МАҲЛУЛИ ОЛИМОНИ ТОҶИК БАРОИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии мубориза бо вирусҳо, аз ҷумла намудҳои гепатит, ВИЧ/СПИД, зукоми мавсимӣ ва, албатта, коронавирус бо пешниҳоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истеҳсоли гипохлорити натрийи тиббӣ оғоз намуд. Дар ин бора «АМИТ Ховар» хабар медиҳад

Тавре Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод РАҲИМӢ ба Ховар иттило додааст:

«Гипохлорити натрий бо мақсади безаҳрсозии қабати беруна, шустушӯи даст, ҳолати беҳдоштию санитарӣ, безаҳрсозии зиддивирусии ҷойҳои ҷамъиятӣ, корӣ ва ғайраҳо истифода мешавад».

Тибқи маълумоти масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, то ҳол дар ҷумҳурӣ гипохлорити натрийи тиббӣ истеҳсол нагардида, ин маҳсулот пурра аз хориҷи мамлакат ворид мешуд.29 феврал намунаи ин маҳсулоти истеҳсолшудаи олимони тоҷик ба муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳоли ҶТ Мирҳамуддин Камолзода муаррифӣ гардид. Номбурда тавсия дод, ки истеҳсоли аввалин ба Беморхонаи касалиҳои сироятӣ дар шаҳри Душанбе, ки дар он ҷо нафарони дар карантинбуда нигоҳ дошта мешаванд, интиқол дода шавад.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.