Маҳмадбеков варзишгари беҳтарини сол

Дар номинатсияи варзишгари сол байни ҷавонон Сомон Маҳмадбеков варишгари бештари соли 2019 дониста шуда ва ӯ бо 50 ҳазор сомонӣ ҷоиза сарфароз гардид.

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон унвони Беҳтарин варзишгари соли 2019-ро дар чор номинатсияи дигар муайян кард.

Дар номанатсияи вазишгари сол байни калонсолон муштзани бомаҳорат Баҳодур Усмонов интихоб гардид. Ёдовар бояд шуд, ки Баҳодур Усмонов дар соли равон дар Бозиҳои қаҳрамонии Осиё дар Таиланд баромад намуда медали тиллоро соҳиб шуда буд.

Сиёвуш Иброҳимов беҳтарин варзишгари сол аз рӯи намуди ғайриолимпии варзиш дар соли 2019 эътироф шуд. Мавсуф соли 2019 дар мусобиқоти XXI қаҳрамонии ҷаҳон оид ба таэквондо (ITF) миёни бузургсолон, собиқадорон ва навҷавонон, ки рӯзҳои 24-30-юми август дар шаҳри Пловдиви Булғористон баргузор шуд соҳиби медали тилло шуд.

Гулсумбӣ Шарифова ба ҳайси давандаи чолоку таҷрибадор дар байни бонувон ҳачун варзишгари сол эълон карда шуд. Моҳи октябри соли 2019 Гулсумбӣ дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон дар мусобиқаи намуди варзиши сабук иштирок намуда мақоми аввалро ишғол кард. Гулсумбӣ дар ин маърака масофаи 200 метрро дар 23,32 сония ва 400 метрро дар 53,66 сония тай карда, натиҷаи беҳтарин ва рекорди нав гузошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *