Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Маҳви 10 ҳазор тонна маводи доруворию ороишӣ дар Хатлон

Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон аз маҳв кардани беш аз 10 ҳазор тонна маводи тиббию ороишии муҳлаташон гузашта хабар дод.

Манбаъ изҳор дошт, ки зиёда аз 9 тонна маводи тиббии муҳлаташон гузаштаро худи ширкатҳои фарматсевтӣ ва муассисаҳои тандурустӣ барои нобуд кардан ба сарраёсат супоридаанд.

Ба гуфтаи сарраёсат, нисбат ба солҳои пешин маданияти соҳибкорон ва масъулони муассисаҳои тандурустӣ дар самти хизматрасонӣ беҳтар шудааст.

Мутахассисони сарраёсат барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ пайваста корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ кардаанд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.