Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Маҷлиси Ҳукумат: 149 корхонаи саноатӣ аз фаъолият бозмонд

Соли равон дар ҳудуди кишвар аз 2 ҳазору 164 корхонаи саноатӣ бо сабабҳои гуногун 149 корхонаи саноатӣ аз фаъолият бозмондааст. Ин нуктаро имрӯз, 20 январ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа дошт.

Тавре Қоҳир Расулзода таъкид дошт, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2019 ба 77, 3 млрд. сомонӣ баробар гардида, суръати рушд 7,7 фоизро ташкил дод.

Афзоиши як қатор нишондиҳандаҳо, асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,6 фоиз, кишоварзӣ 7,1, гардиши савдои дохилӣ 9, мусофиркашонӣ 10,9, хизматрасониҳои пулакӣ 2,9 ва боркашонӣ 1,1 фоиз таъмин гардид. Дар соли ҳисоботӣ сатҳи таваррум 8 фоизро ташкил намуд.

Сарвазири мамлакат зикр кард, ки дар соли ҳисоботӣ 219 корхонаю коргоҳҳои нави саноатӣ бо таъсиси 3 ҳазор ҷойи нави корӣ ба истифода дода шуд.

Соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 27,6 млрд. сомонӣ баробар гашта, суръати рушди он 13,6 фоизро ташкил намуд.

Дар ин давра аз 249 намуд муҳимтарин маҳсулоти саноатии дар кишвар истеҳсолшаванда афзоиши ҳаҷми истеҳсоли 159 намуд нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд гардида, 27 номгӯйи молҳое, ки  дар ҳамин давраи соли гузашта истеҳсол нагардида буданд, истеҳсолашон ба роҳ монда шуд.

Дар баробари ин ҳаҷми истеҳсоли 59 номгуйи молҳои саноатӣ  нисбат ба соли 2018 коҳиш ёфта, 4 намуди мол умуман истеҳсол нагардид.

Натиҷаҳои бадастомада ҳоло ҳам қонеъкунанда набуда, дар ин давра дар ҳудуди кишвар аз 2 ҳазору 164 корхонаи саноатӣ бо сабабҳои гуногун 149 корхонаи саноатӣ аз фаъолият бозмонда, 128 корхонаи дигар ҳисоботӣ сифрӣ пешниҳод намудаанд.

Дар кори маҷлиси Ҳукумати мамлакат вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода зимни ҳисоботи худ таъкид дошт, ки соли 2019 нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ таъмин нагардида, воридоти маблағҳо 23,2 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 79,5 млн. сомонӣ кам мебошад.

Аз ҳисоби даромадҳои дохилӣ ба буҷети давлатӣ тавассути Кумитаи андоз 11 млрд. сомонӣ ва аз ҳисоби воридоти пардохтҳои гумрукӣ бошад 5,5 млрд. сомонӣ ворид гардид, ки мутаносибан ба 95,1 ва 107,1 фоизи нақша баробар аст.

Ба қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ 122 млн.сомонӣ кам маблағ ворид гардид.

Ҳамчунин, сифати қисми даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби 3 намуди андоз, аз ҷумла андоз аз арзиши иловашуда таъмин карда нашуд.

Дар натиҷаи пурра ва дуруст ба инобат гирифта нашудани имкониятҳо ва иқтидорҳои мавҷуда, махсусан дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудани низоми банақшагирӣ ва буҷетикунонӣ 9 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ уҳдадориҳои андозии худро дар назди буҷет таъмин карда натавонистанд.

Ба ҳолати 1 январи соли ҷорӣ бақияи карзи андоз 581 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба аввали соли 2019 — 144 млн. сомонӣ кам гардид.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.