Мақсуд-писари раис ба хизмат меравад

Мақсуд Саломзода, писари шаҳрдори Бохтар Сиҷоуддин Саломзода дар мулоқоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони Бохтар ваъда додааст, ки ихтиёрӣ ба хидмати ҳарбӣ меравад. 

Мақсуд Саломзода Мактаби олии технология ва энергетикаи шаҳри Санкт-Петербурги Русияро хатм карда, ҳоло дар корхонаи «Трансформатор”-и шаҳри Бохтар кор мекунад. 

Ӯ гуфтааст: «Ман дӯстдори Ватани хеш ҳастам ва ин тасмими шахсии ман аст – қарори шахси баркамол, ки қодир аст мустақилона тасмим гирад. Ман фикр мекунам, ки ҳар ҷавон бояд аз мактаби шуҷоат гузарад ва дар таъмини амнияти Тоҷикистон саҳм гузорад.

Ба тасмими ман барои хидмат дар артиш, тавре ки бисёриҳо гумон мекунанд, падарам ё маслиҳати касе таъсир нагузоштааст».

Сиҷоуддин Саломзода, шаҳрдори Бохтар 8 фарзанд доштаст. Эмомалӣ Раҳмон моҳи феврал талаб карда буд, ки пеш аз ҳама фарзандони мансабдоронро ба хидмати ҳарбӣ ҷалб кунанд.

Мавсими тирамоҳии даъват ба сафи артиш дар Тоҷикистон 1 октябр оғоз ёфта, то 30 ноябр давом мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *