Мақсудаи 19 соларо “Мерседес” пахш карда ба ҳалокат расонд

Дирӯз дар шаҳри Душанбе ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» Мақсуда Сангова ва Маҳина Худойназароваро пахш кардааст, ки дар натиҷа Мақсуда дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, санаи 11-уми декабри соли 2019, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Абдиев Фармон Хуҷамуродович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи А.Деҳотии пойтахт ба самти кӯчаи С.Шерозӣ, дар ҳудуди кӯчаи Н.Қарабоев аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон: Сангова Мақсуда Зафаровна ва Худойназарова Маҳина, соли таваллудашон 2000, сокинони кӯчаи Ҳосилоти ноҳияи Фирдавсиро пахш намудааст.
“Дар натиҷа, Сангова М.З. ва Худойназарова М. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд”, — омадааст дар иттилоия.

Мутаассифона, пиёдагард Сангова М.З. аз сабаби ҷароҳатҳои ҷисмонии бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *