Мадинаи тоҷик дар сегонаи гаронарзиштарин блогерҳои Русия

Дина Саева, зодаи Тоҷикистон ва  аз чеҳраҳои шинохтаи «ТикТок» дар Русия ба сегонаи гаронарзиштарин блогерҳо дар ин кишвар дохил шуд, хабар додаст «РБК Уфа».

Тибқи иттилои манбаъ, репхони маҷароҷӯй аз Уфа, Моргенштерн гаронарзиштарин блогери Русия эътироф шудааст.

Моргенштерн дар Instagram 7,6 миллион  обуначӣ дорад ва арзиши як матлаби таблиғотӣ дар саҳифааш ҳудуди 2 миллион рубл аст. Ин дар ҳолест, ки маводи таблиғотӣ дар саҳифаи Моргенштерн ҳамагӣ як шабонарӯз меистад.

Дар мақоми дуюм Александра Митрошина — феминистка, соҳибкор ва сайёҳ қарор гирифтааст, ки бо 2,5 миллион обуначияш реклама мегирад.  Арзиши як маводи таблиғотӣ дар саҳифаи Митрошина 1 миллион рублро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, ки Дина Саева (Мадина Басаева) дар ҳоли ҳозир ҳудуди 7,5 миллион обуначӣ дошта, маводи таблиғотӣ дар «Instagram»-ро ба ивази 600 ҳазор рубл нашр мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *