Магӯ, ки пирам. Армуғони Хосияти Зарафшонӣ ба мухлисон

Шоми 11 октябр дар толори “Боргоҳи сухан” маҳфили “Шодона” ба муносибати 40 солагии фаъолияти эҷодии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Хосияти Зарафшонӣ баргузор гардид, ки дар он беҳтарин сурудҳои ин сарояндаи мумтоз садо доданд.

Маҳфили мазкур бо ташаббуси роҳбари “Боргоҳи сухан”, шоир ва ходими давлатӣ Бӯрӣ Карим роҳандозӣ шуда, дар он аҳли санъату фарҳанги кишвар ширкат доштанд. Бӯрӣ Карим зимни табрикоти хеш ба соҳибҷашн барои меҳнати бисёрсола дар соҳаи санъат Ҷоизаи “Садоқат ба касб”-ро тақдим кард.

Ҳузури Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов ба ин маҳфил шаҳомат бахшид.

Номбурда Хосияти Зарафшониро ҳунарманде номид, ки дар рушди санъати асили тоҷик нақши мунир дошта сурудҳояш ба қалби мардум роҳ ёфтаанд.

“Хосият ҳунармандест, ки баробари истеъдоди фитрӣ ва шавқу ҳаваси зиёд ба ҳунари овозхонӣ, соҳиби таҳсилоти мукаммали ҳирфаӣ мебошад. Суруди ӯ кайҳо ба дили мардум ҳамнаво шудааст. Мо бо Хосият ба бисёр шаҳру навоҳӣ ва кишварҳои хориҷ ҳамсафар будем, консертҳои бошукуҳ барпо намудем, ҳар ҷо ки садои Хосият танинадоз буд, мардум ба шӯр меомаданд ва ба истеъдоди ӯ қоил мешуданд. Хосият ҳунарманди соҳибмактаб аст”-гуфт, Ҷӯрабек Муродов дар тавсифи шогирдаш Хосияти Зарафшонӣ.

Хосияти Зарафшонӣ маҳфили хешро давлати дидор унвон кард.

“Ду соли охир барои ҳамаи мо душвор буд. Азизони зиёдеро аз даст додем. Устодон Гулназар ва Саидалӣ Маъмур, ки ба шеърҳои зиёдашон оҳанг баста сароидаам. Ҳунармандони номваре чун Ҷӯрабеки Назрӣ, Ҷамшеди Исмоил, Қурбоналӣ Раҳмон, Озодамоҳ Муҳтарамова ва даҳҳо нафари дигар. Чунин вазъ нишон дод, ки бояд ба қадри ҳам расем. Шукр, ки чунин фурсат пайдо шуд ва ба дидори ҳам расидем.” – гуфт, сароянда.

Хосияти Зарафшонӣ мегӯяд, бо вуҷуди 60-сола шудан ва 40 сол ҳунарнамоӣ кардан дар рӯйи саҳна хастагиро эҳсос намекунад ва ҳанӯз ҳам пайваста думболи корҳои эҷодист.

“Гоҳо меандешам, ки дигар консерт баргузор намекунам, тӯю маъракарвиро ҳам бас мекунам, аммо наметавонам ва боз думболи кори эҷодӣ мешавам. Миёни мухлисон будан, кафкӯбии онҳоро эҳсос кардан, ба ман неру медиҳад. Бинобар ин, то ҷон дар бадан дорам ба халқу ватанам хизмат мекунам” – гуфт ҳунарманд ва дар идома суруди тозаэҷодаш “Магӯ, ки пирам”-ро сароид.

Дар идомаи маҳфил генерал-майор Муъминҷонов аз номи роҳбарияти Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ барои ҳунарнамоиҳои зиёдаш дар ҳузури сарҳадбонон нишони “Аълочии ҳифзи сарҳадот”-и кишварро тақдим кард ва раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Амирбеки Мӯсо Хосияти Зарафшониро ҳамчун бастакор ба узвияти ин иттифоқ пазируфт.

Ёдовар мешавем, ки Хосияти Зарафшонӣ 10 октябри соли 1960 дар деҳаи Гузарибоди ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст.

Соли 1978 пас аз хатми мактаби миёна ба факултаи мусиқӣ-омӯзгории Донишкадаи Санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода қабул мешавад.

Бо сарпарастии устодон Карим Ҳалимов, Аслиддин Низомов ва дигар устодони донишкада аз таълими мусиқии ҳирфавӣ воқиф шуда, инчунин, аз мактаби шашмақомхонии Барно Исҳоқова баҳраманд гардидааст.

Баъд аз хатми донишкада соли 1982 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба кор шурӯъ намуд. Дар ин кохи ҳунар дар ҳамкорӣ бо овозхонҳои номӣ Ҷўрабек Муродов, Зафар Нозимов, Муслима Боқиева маҳорати худро сайқал медиҳад. Инак қариб 40 сол мешавад, ки дар саҳнаи ҳунар овозхон бомуваффақият баромад мекунад ва дар тарбияи овозхонҳои ҷавон низ саҳми фаъоле дорад.

Хосияти Зарафшонӣ дорои роҳу равиши хоси овозхонии худ, мактаби ҳунарии худ буда, дар интихоби матн ва оҳанг нуктасанҷ ва борикбин аст. Дар давоми ин солҳо бештар аз 200 суруд эҷод кардааст. Сурудҳои ӯ ба монанди “Ватан”-и (Б. Собир), “Соқиё” (ғазали Ҳофиз), “Хорам макун” (Туғрал), “Аз ман умри дубора хоҳанд монд” (Лоиқ), “Метарсам” (Лоиқ), “Қаринам будӣ” (Лоиқ), “Падар” (М. Олимӣ). “Модарам” (Озарахш), “Мусофирписарат омадааст” (Озарахш), “Мастии баҳор” (Фарзона), “Ғанимат будааст” (Ҳ.Ғоиб), “Ташнаи ёди  Зарафшон” (М. Олимӣ), “Субҳ омад” (О. Исматӣ), “Дигар маё” (З. Атоӣ), “Кампиракон” (К.Насрулло), “Нигина ёр” (шеъри халқ), “Бобораҳмон” (бадеҳа) ва ғайраҳо пайваста дар забони мардум буда, хеле маъруфу машҳур гаштаанд.

Номбурда аз соли 1986 то соли 2015 ҳамчун роҳбари ансамбли “Ҷавонӣ”-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва баъдан аз соли 2017 то 2020 роҳбари ансамбли “Бонувони рубобнавоз”-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Аз соли 2020 то ин ҷониб дар МДТ Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” фаъолият мекунад.

Ба давлатҳои Афғонистон, Австрия, Олмон, Ироқ, Исроил, Яман, Кореяи шимолӣ, Исландия ва кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ сафарҳои ҳунарӣ анҷом додааст.

Заҳмату истеъдоди нотакрори Хосият аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурӣ бо унвонҳои Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (с.1991), Ордени “Шараф” (с.1999), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2006 с.)  қадрдонӣ шудааст.

Уғулой Қутбиддинзода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *