Магар COVID-19 зодаи Амрикост?

Ниммиллион сокини Чин ба СУТ мактуби саркушода навиштанд, ки дар тахшисгоҳи вирусии Амрико тадқиқот гузаронида шавад.

Сокинони Чин аз Амрико талаб кардаанд, ки ташхисгоҳи биологӣ дар пойгоҳи Форт-Детрикро барои гузаронидани тадқиқот дар бораи шуюи эҳтимолии коронавирус боз кунад.

Ин дархосташонро сокинон дар мактубе, ки онро рӯзномаи Global Times нашр кардааст, ироа намудаанд.
Бино бар боварии муаллифони муроҷиатнома, ташхисгоҳро бояд барои пешгирӣ аз эпидемияҳои минбаъда тафтиш кард. Дар ҳамин ҳол, онҳо таъкид кардаанд, ки Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ингуна тафтишотҳоро бояд дар тамоми коргоҳҳое, ки бо вирусҳои хавфнок ва силоҳи биологиву кимёвӣ кор мекунанд, анҷом диҳад.

Дар Пажӯҳишгоҳи томӯзиши бемориҳои уфунии ИМА (USAMRIID) дар пойгоҳи Форт-Детрик, ба гуфтаи муаллифони муроҷиатнома, намунаи зиёди уфунатҳои сироятӣ мавҷуд аст, ки шуюи ҳамагуна аз он метавонад натиҷаи мудҳиш дошта бошад.
«Тирамоҳи соли 2019 дар ташхисгоҳ, пеш аз эпидемияи COVID-19, хуруҷи вирус рух дод, аммо ин иттилоъро ИМА бо баҳонаи амнияти миллӣ намегӯяд», — изҳор доштанд муаллифони муроҷиатнома.

Дар мактуб қайд карда мешавад, ки Чин ба коршиносони хориҷӣ иҷозат дод, то ташхисгоҳи дар Вуҳан бударо тафтиш кунанд, аммо Амрико иҷозати тадқиқоти Форт-Детрикро намедиҳад.

Маълум аст, ки пажӯҳишгоҳ то оғози пандемия бо далели «мушкилоти инфросохтор бо безараргардонии оби партов» баста шуда буд. Аммо, муаллифони маткуб ин изҳоротро беэътимод мешуморанд.

Феълан, ин муроҷиатномаро бештар аз ниммиллион чиниҳо имзо кардаанд.
Пештар ИМА ва 13 кишвари дигар аз СУТ талаб карданд, ки тадқиқоти далели пойдошавии коронавирус «шаффоф ва мустақил» анҷом дода шавад. Вале чун навбат ба худаш расид, намедонем чӣ мегӯяд? Оё ИМА ин “шафофият ва мустақилият” ро риоя мекарда бошад?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *