Магар муовини Раиси “Тоҷиксодиротбонк”фирор кардааст?

Бино ба иттилои ғайрирасмӣ Фирдавс Бердиев, муовини раиси ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”  фирор карда, дар  хориҷ аз кишвар зиндагӣ дорад.

Гӯё Фирдавс Бердиев баъди муваққатан барканор шуданаш аз вазифаи муовини раисиҶСК “Тоҷиксодиротбонк”, ба Аврупо, ба гумони ғолиб ба Швейтсария фирор кардааст, аммо ин иттилоъро дар бонк касе тасдиқ намекунад.

Бердиев бошад зимни як  суҳбати телефонӣ  гуфтааст, ки алҳол дар ИМА буда, чанде пештар ба ин инҷо омадааст.

-Ман инҷо барои ҷалби сармоя барои “Тоҷиксодиротбонк” ва “Бонки рушди Тоҷикистон” омадаам. Пештар мо бо Тоҷиддин Пирзода ҳам барои ин кор ба Хитою Русия ва Арабистони саудӣ сафарҳо доштем. Мо стратегияи худро барои баровардани бонк аз вазъи буҳронӣ амалӣ мекунем.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *