Магар шаҳрванди Қирғизистонро имрӯз 27 сентябр Тоҷикистон боз пас медиҳад?

Интизор меравад, рӯзи 27 сентябр намояндагони Хадамоти марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон сари мизи музокирот нишинанд.

Дар ин бора Хадамоти марзбонии КДАМ Қирғизистон хабар дода, таъкид намудааст, ки масълаи озод кардани сокини 26 — солаи Қирғизистон, ки феълан дар Тоҷикистон қарор дорад, мавриди баррасии ҳар ду ҷониб қарор мегирад.

Ба иттилоъ ин ниҳод, қирғизистонӣ дар ҳоле боздошт шуд, ки ҳамроҳи ҳамсари худ савори нақлиёт дар роҳи Хуҷанд-Конибодом ҳаракат мекард.

Гуфта мешавад, аз боздошт шудани ӯ ба марзбонони Қирғизистон ҳамсари ӯ хабар дод.

Бояд ёдовар шуд, ки чанде пеш Ҷумҳурии Қирғизистон ду шаҳрванди Тоҷикистонро ба ҳукми абад маҳкум кард.

Суди ноҳияи Исфанаи вилояти Бодканди Қирғизистон, 14 сентябр ду шаҳрванди Тоҷикистон — Абдурозиқ Қаҳҳоров ва Аскар Юнусовро бар асоси моддаи 380 (ҷиноят бар зидди сулҳ) ва 391 (ғоратгарӣ)-и Кодекси ҷиноӣ ба ҳабси абад маҳкум кард.

Қаҳҳоров ва Юнусов ҳарду сокинони ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд гуфта мешаванд.

Дар мурофияи судӣ ин шаҳрвандони Тоҷикистонро дар иртибот ба муноқишаи мусаллаҳонаи марзии моҳи апрел муҷрим ҳисобидаанд. Аммо пайвандони онҳо иштироки аъзои хонаводаашон дар муноқишаи мусаллаҳонаи марзиро инкор карда, таъкид кардаанд, ки додгоҳи Қирғизистон бе далел ва ғайриқонунӣ нисбати Қаҳҳоров ва Юнусов ҳукм содир намудааст.

Дар ҳамин ҳол, сиёсатшиноси тоҷик Парвиз Муллоҷонов дар сафҳаи Фейсбукии худ аз маҳкум шудани ду тоҷикистонӣ ба ҳукми абад шадидан изҳори нигаронӣ намуд.

«Ҳадафи ин амал дар он аст, ки барои ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон дода шавад, ки дар бархӯрди гузашта маҳз тоҷикон гунаҳкор ҳастанду бетартибиҳо ҳам аслан бо дасти тоҷикон амалӣ шуданд», — навишта буд ӯ.

Дар идома, ӯ аз ҳукумати Тоҷикистон талаб намуд, ки барои наҷоти ин ду шахс ба таври ҷиддӣ талош кунанд. Ба боварии ӯ, агар ҳукумат баҳри раҳоии онҳо коре сомон нагирад, пас дар оянда дар сурати сар задани ягон нофаҳмӣ бо ҳамсоякишвар, бисёриҳо барои ҳифзи марзу бум намехезанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *