Магнитогорск: Ҷасади Раҷабмоҳ ва се тифлашро пайдо карданд

Ҷасади Раҷабмоҳ Улфатова, зани тоҷик ва се кӯдакаш, ки дар зери харобаҳои бинои фурӯрафтаи шаҳри Магнитогорск монда буданд, пайдо гардид.

Ҷасадҳои ин модар ва се кӯдаки тоҷик шаби гузашта аз зери харобаҳои бинои фурӯрафта дар шаҳри Магнитогорски Русия пайдо шуданд.

Сафар Сафаров, консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург, ки дар шаҳри Магнитогорск қарор дорад, субҳи 3-юми январд ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷасадҳо ба сардхона интиқол ёфтаанд. Ба қавли ҷаноби Сафаров, хешовандон ҷасади Раҷабмоҳ Улфатова ва ва кӯдакони ӯ Аҳмади 6-сола, Фотимаи 4-сола ва Саймуҳсини 3-соларо шиносоӣ кардаанд.

Сафар Сафаров афзуд, баъди машварат бо наздикони қурбониён, қарор аст ҷасадҳои онҳо ба Тоҷикистон интиқол дода шавад.

Фурӯ рафтани қисме аз як бинои чандтабақа дар шаҳри Магнитогорск субҳи 31-уми декабр рух дод. Дар пайи он шаҳрванди Тоҷикистон Шӯҳрат Улфатови 28-сола аз зери харобаҳо зинда пайдо шуд. Аммо ҳамсар ва се фарзанди ноболиғи ӯ дар ин ҳодиса ҳалок шуданд. Онҳо сокинони ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон мебошанд.

Тибқи иттилои ахири мақомотҳои ҳолатҳои фавқуллодаи Русия аз зери харобаҳои бинои фурӯрафтаи Магнитогорск то ҳол ҷасади 37 нафар пайдо шудааст.

Консули Тоҷикистон дар Екатеринбург ҳамчунин гуфт, дар он қисмати бино, ки фурӯ рафт, ду оилаи тоҷик зиндагӣ мекарданд, ки хушбахтона як оила пурра наҷот дода шуданд. Ба қавли ҷаноби Сафаров, оилаи ҳафтнафараи Маҳмадрозиқ Самиев бо фарзандонаш тариқи кран саломат берун оварда шуданд.

Худи Маҳмадрозиқ Самиев дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, наҷот ёфтани ӯ ва фарзандонаш аз ин ҳодиса муъҷиза буд. Биное, ки фурӯ рафт, дар маркази Магнитогорск воқеъ аст.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ба маҳалли ҳодиса рафтааст. Аз ӯ пештар Евгений Зиничев, вазири ҳолатҳои фавқулода ва Вероника Сквортсова, вазири тандурустӣ ба Магниторгорск рафта буданд.

Дар ҳамин ҳол вазъи саломатии Шуҳрат Улфатов то ҳол вахим гуфта мешавад. Ба гуфтаи Консули Тоҷикистон дар Екатеринбург Улфатовро шаби гузашта ба беморхонаи вилоятии Челябинск интиқол додаанд.

Бознашр аз Озодӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

4 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *