Макрон Эмомалӣ Раҳмонро ба Фаронса даъват мекунад

Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса ҳамтои тоҷики худро ба Париж даъват кардааст.

Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса ҳамтои тоҷики худро ба Париж даъват кардааст.

Жан-Батист Лемуан, Котиби давлатии назди Вазорати корҳои хориҷии Фаронса шоми 18 апрел дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе дар ин бора хабар дод.

Ба гуфтаи вай, феълан вазоратҳои корҳои хориҷии Фаронса ва Тоҷикистон сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Парижро омода мекунанд.

Ҷаноби Лемуан гуфт, ки таърихи ин сафар аз тариқи каналҳои дипломатӣ мушаххас хоҳад шуд.

Ҳамчунин, вай ба тавсеъаи ҳамкориҳои иқтисодию фаннӣ миёни Тоҷикистону Фаронса ишора карда ва гуфт, ки бунёди пункти назоратию диспечерии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе намунаи чунин ҳамкориҳост.

Бунёди ин пункт дар моҳи марти соли гузашта шурӯъ шуда ва дар назар аст, дар моҳҳои июн-июли соли ҷорӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад. Баландии ин бино 41 метр буда ва аз ҷониби ширкати фаронсавии “Мarc Meunier” бунёд мешавад.

Барои ин сохтмони стратегӣ давлати Фаронса 6 миллион евро ҷудо кардааст.

Жан-Батист Лемуан гуфт, ки намояндагони ширкати бузурги ҳавопаймосозии “Аэробус” бо ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон мулоқот кардаанд. Ҷониби Тоҷикистон барои харидории ҳавопаймоҳои миёнамагистралии ин ширкат назири “А-20” ва “А-50”, ки барои интиқоли аз 50 то 70 мусофир пешбинӣ шудааст, алоқаманд ҳастанд.

Дар ҳамин ҳол, Ясмин Гуедар, сафири Фаронса дар Тоҷикистон, ки дар ин нишасти хабарӣ ширкат дошт, гуфт, дар масоили низомӣ низ Фаронса бо Тоҷикистон ҳамкорӣ дошта ва афсарони Вазорати мудофиаи ин кишвар дар Фаронса бозомӯзӣ мешаванд.

Жан-Батист Лемуан аз раванди омӯзиши забони фаронсавӣ дар Тоҷикистон ибрози хушнудӣ карда ва гуфт, ки дар ВКХ Фаронса мавзӯъи ба Тоҷикистон фиристодани муаллимони забони фаронсавиро матраҳ хоҳад кард.

Феълан дар 15 кишвари ҷаҳон забони фаронсавӣ забони расмӣ маҳсуб мешавад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.