Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Мамарозаи тоҷикро дар Русия суд карданд

              Аз гуфтаҳои муштарии ҳамешагии «Оила» Маъруф Кенҷаев, ки тӯли 5 сол боз дар Русия иқомат мекунад, чунин бармеояд, ки имрӯзҳо теъдоди зиёди занону духтарони тоҷик ба Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия муҳоҷир шудаанд. Як қисмати онҳо барои дарёфти ризқу рӯзи ба мулки рус рафта бошанд, иддаи дигарашон ба корҳои ғайриахлоқи мағул буда, обрӯи миллатро мерезонанд. Маъруфхӯҷа Кенҷаев мегӯяд бонувони тоҷикро бештар ҷангу ҷидоли хонавдагӣ ва вайроншавии оила ба мулки рус мебарад. Иддае аз занҳои тоҷик шабҳоро дар  дискокулубҳо дар оғӯши мардони пулмаст саҳар карда, ин амалихудро бо он сафед кардан мехоҳанд, ки гӯё ба хотири таъмини фарзандонашон аз ночорӣ танфурушӣ мекунанд. Ба иттилои номбурда, рӯзи 31 июни соли ҷорӣ полиси Русия як зани 34 солаи тоҷикро, ки аслан Истаравшанӣ буда, Лайло ном доштааст, бо гумони даст доштан дар қаллобӣ, дастгир намудааст. Номбурда, ду сол боз дар кишвари рус даст ба дуздию мардумфиребӣ зада, ҳамчунин ба бадухтарфурӯшӣ машғул будааст. Ин зани «корчаллон» иҷорахонаи дар ихтиёраш бударо ба фоҳишахона табдил додааст. Лайлои 34 сола гуноҳи худро ба гардан гирифтан намехост, вале наворҳои аз камераҳои назоратӣ ба даст омада собит намуданд, ки ин мамарозаи тоҷик дар як шаб ҳафт нафар духтаронро ба оғӯши мардони пулдор афканда, бо ҳамин роҳ пули калон кор мекардааст. Акнун, ин даллаи истаравшанӣ 5 соли умрашро дар паси панҷараи зиндон сипарӣ хоҳад кард.

Рустам Азимов

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

4 шарҳ вуҷуд дорад
  1. Фаттох 20.07.2016 15:01

    вой бар холи чунин зани точик, дар кучое набрави номи точик бад. акнун боз ин далла обу руи мо мухосирони шахри маскваро резонд. Хайфи чунин инсонхои аклкутох

  2. Русия 20.07.2016 15:02

    сари чунин зани одамфуруша капида кал ардан даркор

  3. Изана 20.07.2016 15:03

    мо худамон баяказоб да як тарабхона тавакшуи мекунему ин занхо бошан ба чикорхое даст намезанан. Инхел занхо чояшон зиндон ислох шавияшон аврест махол рахмат ба шумо шахлочон барои чунин маводхо

  4. Нилуфар 20.07.2016 15:06

    Рустам поида мешини ки кай як точика мекапану сразу мавод навсиси а аз як тараф корат хуб аз тарафи дигар умни будани тра нишон метия ма бовар мекуни ин мавода хондм муйи сарм чапа шид. Хб карди ки шармандагии ин Лайлои бепадара бароварди. Рах_мат додарчон

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.