“Ман бисёр шармгинам”: Нигина Амонқулова бо мухлисонаш суҳбати озод кард

Нигина Амонқулова, яке аз маъруфтарин чеҳраҳои санъати тоҷик дар 10-15 соли охир бо обуначиҳояш дар Instagram саволу ҷавоби озод ташкил кард ва бо онҳо доир ба шармгинияш, сабаби пахши мустақим набаромаданаш, корсертҳо дар соли ҷорӣ, дар Дубай клип накардан ва собиқаи кориву вазъи оилавияш суҳбат кард.

Яке аз сарояндагони маъруфи тоҷик Нигина Амонқулова шоми дирӯз бо мухлисону ҳаводоронаш дар саҳифааш саволу ҷавоб кард. Фарқияти пурсишу посухип Нигина Амонқулова аз аксар овозхонҳои дигар дар он аст, ки ба саволҳо шифоҳӣ ҷавоб мегардонад.

Яке аз мухлисони Нигина Амонқулова сабаби дар Instagram “сториз” накардану монанди дигар овозхонҳо ба пахши мустақим набаромаданашро пурсидааст ва овозхон чунин ҷавоб дод: «Ман бисёр шармгинам, ростӣ бароям бисёр мушкил аст расму видео мондан, “сториз” кардан ё ба пахши мустақим баромадан”.

Ҳаводорони Нигина Амонқулова ҳам монанди мухлисони дигар сарояндагон бештар аз барномаҳои консертӣ пурсон шуданд ва овозхон ба яко яки онҳо ваъда дод, ки соли ҷорӣ барномаҳои консертии зиёд барпо карданист. “Ман ваъда медиҳам, ки имсол ҳам дар шаҳри Душанбе ва ҳам дар навоҳии кишвар консертҳои зинда барпо мекунам”, афзуд сароянда.

Дар саволу ҷавоби дирӯза ҳамчунин овозхони машҳур фикрашро доир ба дар Дубай клип гирифтан гуфт. Ба андешаи ӯ барои ҳар як тоҷикистонӣ Тоҷикистон аз Дубай болотар аст.

Ёдовар мешавем, ки Нигина Амонқулова 15 сол мешавад, ки дар рӯи саҳна аст ва ҳоло 35 сол дошта, оилаи обод ва ду писар дорад.

Бояд гуфт, ки дар ҳоли ҳозир миёни ситораҳои машҳури тоҷик саволу ҷавоб гузаронидан дар Instagram анъана шудааст ва ба ин тарзи муошират бо мухлисонашон наздиктар мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *