Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ман хуни дил хӯрдаву нури чашм кам кардаам

Шоми дидор. Сӯҳбате бо Шоири халқии Тоҷикистон  Доро Наҷот

Фарохтар дида дӯхтаму барчид намудам, ки шоири донишманди тоҷик дар ҳақиқат кори басо мондагореро сомон додаст ва месазад, ки чунин дастовард боиси қадршиносӣ қарор бигирад. Ба ин хотир дилпурона пешниҳод менамоям, ки ин асари мондагор бо номи “Фарҳанги Доро” барои дарёфти Ҷоизаи давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино пешниҳод гардад. Ва аминам, ки ин пешниҳод аз ҷониби аҳли илму фарҳанги ҷумҳурӣ хуш истиқбол ёфта, он заҳматҳои кашидаи муаллиф қадршиносӣ мегарданд. Аз ин рӯ аз ҳамаи онҳое, ки тақдири забону фарҳангу тамаддуни миллат барояшон арзише дорад, хоҳишмандам, бетарафӣ зоҳир нанамоянд.

Шояд андарқариб ба даҳсол то ин ҷониб ин марди ширинсухану ҳушмандро надида будам. Бо сабабҳои гуногун ишон хонанишин гардида, пайи корҳои эҷодӣ буданд. Ин шом чун ёдашон аз кӯчабоғи хотиротам гузашт як паёмаке ба устод фиристондаму ишонро ҳолу аҳвол пурсида, аз рафти корҳояшон пурсидам. Ҳамзамон ба Рӯзи забони давлатӣ устодро шодбош гуфтам. Қобили тазаккур аст, ки ҳанӯз дар солҳои аввали фаъолияти Бунёди забони тоҷикӣ Доро Наҷот дар радифи устоди шодравон Лоиқ Шералӣ дар ин даргоҳ барои пойдории забони ноби тоҷикӣ заҳмат кашида, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Сомон”-ро, ки нашриёи “Бунёди забони тоҷикӣ” буду бо ҳуруфоти форсӣ рӯи чоп меомад, уҳда доштанд.

Пас чанде аз устод посух омад, ки дар куҷоеду чаро камнамо? Гуфтам, дар шаҳр ҳастаму мехоҳам Шуморо бубинам. Гуфтанд, ҳамин шом дар назди қаҳвахонаи “Суман” пас аз намози шом ба дидор мерасем.

Пас аз шом назди қаҳвахонаи “Суман” омадам. Ва паём навиштам ба устод, ки “ман омадам”. Пас аз чанд дақиқа омаданд.  Бо диданам ашк дар чашмонашон гирдгардон шуд. Устод пас аз бемории сахти сактаи қалб сари по шуда, ҳоло мегарданд. Вале беморӣ дар ҷисмашон осори худро гузошта. Ва дар назарам ин гӯшанишинҳо ба ин марди донишманду нуктасанҷу шоири нозукбин асари худро гузошта…

Бо ҳам барои суҳбат сари мизе нишастем.

-Бояд, имрӯз тибқи ваъда аз  Академияи ВАО Саъдӣ Маҳдӣ меомад, аммо дер кард.

-Шояд зарурате пеш омада бошад?-гуфтам ман.

Бо устод аз ҳар хусус суҳбатамон ба қавле қур гирифт. Дар рафти суҳбат аз бисёриҳо, аз он нафароне ёд кардем, ки ҳангоми кор дар рӯзномаи “Тоҷикистони Советӣ” бо ишон ҳамкор буданду ҳамнишин. Ва умуман аз аҳли қалами солҳои 80 то 2000-умро пеши назар оварда, хотираҳояшонро такорӯ кардем.

Ва дар ҳамин раванд пурсидам, ки:

  • Ако, рӯзи 5 октябр  Рӯзи забони тоҷикист, Шумо ки дар оғоз бо ҳамроҳии устоди шодравон Лоиқ Шералӣ дар “Бунёди забони тоҷикӣ”  кор мекардед чӣ хотироте доред? (Ман пурсишамро дар варақ менависаму ба ишон нишон медиҳам. Чун бар асари беморӣ тӯли солҳои зиёдест, ки гӯшҳояшон осебпазир шудаанду қобилияти шунавоиро аз даст додаанд).
  • Он солҳо, аҳли зиё, устодону омӯзгорон ва донишҷӯён бисёр заҳматҳо кашиданд, то забони тоҷикӣ мақомӣ давлатӣ гирад.  Ва бо пешниҳоди  гурӯҳи журналистон бо ташаббуси Шамсиддини Насриддин, хазинаи “Бунёди забони тоҷикӣ” таъсис дода шуд. Ва нахуст раиси он устоди арҷманду миллатдӯсту забонпарвари мо Лоиқ Шералӣ интихоб гардиданд. Ману Оиша Ҳомидоваю Ҷумъахон Ҳотамӣ ва чанди дигар дар он ҷо кор мекардем. Ман сармуҳарририи ҳафтаномаи “Сомон”-ро уҳда мекардам. Илоҳо, руҳу равони Лоиқ аз мо ҳаммилатонаш шоду масрур бошад. Ин марди саропо дард. Дарди миллату забон, ки вуҷудашро ба таҳрик оварда буд, бисёр корҳои мондагореро дар ин самт анҷом дод. Умуман дар пойдорӣ ва эҳёи забони тоҷикӣ хизматҳои устод Лоиқ беназиранд. Устод барои пойдории забони ноби тоҷикӣ басо дисӯзонаву ҳушмандона муносибат намуда, мақоми забонро чун ҳакими Тӯсӣ тахтнишин намуд.

Бояд гӯям, ки он солҳо диди мардум, муносибати аҳли фарҳангу зиё хеле боло буд. Ба забон ҳамчун як муқаддасот арҷ мегузоштанд. Ҳоло бошад, аз он дилсӯзиву он талошу муносибатҳое, ки он рӯз нисбат ба забон буд, эҳсос карда намешавад.Дар ин самт костагиҳо, парокандагиҳо, беэътиноӣ ба забон ба назар мерасад.  Шояд ҳамин нуктаро Президенти кишвар дарк карда, ки барои таблиғи забону маърифати ҷавонон ҳамун озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ”-ро сар то сари кишвар роҳандозӣ намуданд.

Пойдориву ҷовидонӣ, рушду нумуъи забон ба олиму шоиру аҳли қаламу сухан сахт марбут аст.

-Тӯли зиёда аз бист соли гӯшанишинӣ ба чӣ кор шуғл доштед?

— Аслан эҷод. Аз дасти мо дигар чӣ кор ҳам меояд?  Кӯшидам, ки оид ба дастовардҳои илми решашинохтии ҷаҳонӣ ва Тоҷикистон дар бахши забони форсии тоҷикӣ фарҳанге омода намоям. Хушбахтона, ин бароям даст дод. Ва дар зарфи 25 соли ҷустуҷӯҳову талошҳо орзуям бароварда шуд. Ва дар ду ҷилд фарҳангеро бо номи “Фарҳанги Доро”, ки ба таври гулчин ироа шудааст, рӯи чоп овардам, ки он фарогири  тақрибан 25 ҳазор вожаву ибора, таркиб ва истилоҳ аст.

— Сабаб чӣ буд, ки шумо рӯ ба фарҳангнависӣ овардед?

— Солҳои дар Ройзании фарҳангии Ирон дар Душанбе кор карданам, як зарурате пеш омад, ки оид ба вожаи асп як луғатномаи мукамалеро тартиб диҳам. Ба чандин сарчашмаву маъхазҳо дида дӯхта, зиёда аз дусад ному лақаби аспро ёфта, бо шарҳу эзоҳаш рӯи чоп овардам, ки писанди дӯстон гардид. Ва нахуст ин. Аммо чизи дигаре, ки маро сахт водори навиштани чунин як фарҳанги мукаммал кард ин буд, ки замоне барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Абуадуллоҳи Рӯдакӣ мачмӯаи ашъори сапедамро  бо номи “Дар он сӯи хобҳо”пешниҳод карда будам, сипас хулосаи он ҳайати аъзоро ба ман расониданд, ки гуфтаанд: “мо ин хел шеърҳорову ин хел калимаҳоро намефаҳмем”. Устоди закитабъ Муъмин Қаноат исрор варзидаанд, ки дар ин ашъор ҳич як нофаҳмоӣ нест, ҳама чиз рӯшан ва фаҳмост. Аммо бештари он ҳайат сухани устодро напазируфтаанд. Ҳол он ки аксари калимаву ибораҳои мавриди назари он ҷониб қарор гирифта, вожаҳои ноби тоҷикӣ ва гӯишҳои мардумиву манотиқ буданд, ки ман онҳоро огоҳона корфармуд карда будам. Ин посух, албатта барои ман бетаъсир набуд. Биддуни худдорӣ  вожаномае бар ашъори худ навиштам, то ба онон пешниҳод кунам. Пасон сари андеша рафта, қасдамро лозим надонистам. Он солҳо кам- кам ба фарҳангнигорӣ машғул будам. Ва ҳамин эрод ҳам  боис ба ин нигориш гардид. Ва хуб ҳам шуд.

-Фарҳангнигорӣ кори басо заҳматталабу дақиқсанҷу вақтхӯре ҳаст, оё он дар рафти илҳоми эҷоди шеър монеа эҷод накард?

— Ростӣ, дар ин миён қариб аз шеър гуфтан бозмондам. Ҳарчӣ дар ин давра сари зини саманди илҳом нишасту рӯи саҳифа рехт, аслан дар авқоти берун аз фарҳангнигорӣ буда. Чун фарҳангнигорӣ басо пурталабу ҷустуҷӯҳоро дӯшор дорад. Дар пайи навишти фарҳанг дар як хонаи якҳуҷрагӣ миёни китобу варақҳо ғарқида будам. Ва дар он муҳити ором кӯшидам, ҳарчӣ зудтар ин масъулияти ба худ гирифтаро анҷом пазирам.

— “Фарҳанги Доро”  аз фарҳангҳои пешин чӣ бартарӣ ва тафовуте дорад?

-Нахуст. Сохтори фарҳанг орӣ аз пайравист бо фарҳангҳои дигари ҳавзаи форсизабонон на ҳамгун асту на моно. Аммо вижагиҳои тафсир ва решашинохтӣ дар он андаке равиши доктор Муъинро ба ёд меоварад. Дуввум. Вежагиҳои решашинохтии ин фарҳанг дар қиёс бо фарҳангҳои пешин шеваи кори инҷониб дар бахшҳои решашинохтӣ (этимологӣ) нисбатан густурдатар аст. Корбурди вожагони мансуб ба бахши равоншинохтӣ (этимологӣ) дар ин фарҳанг густураи фаротареро аз хонаводаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ дарёб кардааст. Саввум ин ки дар ин фарҳанг ироаи вожагоне дар гӯйишҳои тоҷикӣ, ки дорои ҳамгун дар забони адабӣ набуданд ва корбурди онҳо метавонад ғановати забони адабиро дар навишт ва гуфтор биафзояд: шохмола, пих, алочиғ, валлона, васакпароғду, таванг, побел… ва чаҳорум ин раҳёфти теъдоде аз вожагон ва таркибҳои гуфтори мардумӣ дар забони адабӣ ба василаи корбурди онҳо дар назму насри адибони муосири тоҷик ва осори донишмандон; яъне мадхалҳое, ки танҳо вижаи гуфтори мардуми тоҷик ба шумор мераванд ва дар осори шоирону нависандагони муосири тоҷик мавриди истифода қарор гирифтаанд, аз ҷумлаи тиреза, парсинг, сарсон, каҳгил, каштал, корам, дуҷон, патак, шабдарав,обсабз,парч, пичинг… Ва боз фарқиятҳои дигар.

-Рисолати шоирро танҳо дар шеърнависӣ мебинед ва ё…

-На, шоир ва умуман аҳли эҷод мардуми пешқадаму парчамбардорони ин миллатанд. Шоирони пешинро нигаред, аз худи устод Рӯдакӣ то замони Айниву Лоҳутиву Раҳимиву Турсунзодаву Миршакару  Лоиқу Бозору Муъмин Қаноат ҳамагӣ ба фарҳангнигорӣ, тарҷумаву баргардониву омодасозии асарҳои гуногун, маъхазҳои торихиву фарҳангӣ, ҷамъоварии эҷодиёти даҳонии мардум, ба самъи мардум расонидани дастовардҳои давру замон, тарбияву роҳнамоии мардум, эҳё намудани ҷашну суннатҳои фаромӯшшудаи миллат ва чандин амалҳои дигар аст. Ва шеъргӯй низ дар радифи онҳо. Бубинед маҳз тавассути шеъри ноб 1400 сол боз забони форсии тоҷикӣ нумӯъ карда, мақоми худашро устувор аст. Ҳамон шоҳкории ҳакими Тус Фирдавсии нобиға бо эҷоди “Шоҳнома”-аш дар пойдории забон Кохи вайроннапазиреро бунёд гузошт.  

Ва дар миёни амалҳои шоир Шеър бояд роҳи худро дошта бошад. Он бояд дар густариши забон хизмат кунад. Шоирон низ бояд дар истифодаи вожаҳову таркибҳои ноб шоирона муносибат намоянд. Фарҳангнависӣ ин поянда нигоҳ доштани забон ва фарҳангу тамаддуни миллат аст. Аз ин рӯ фарҳангнигорӣ бо ҳазор зина аз шеърнависӣ болост. Мо агар хоҳем, ки асолати забонамонро нигоҳ дорем, пас бояд ҳар як калимаву ибораро ба вижагиҳояш  шарҳу тавзеҳаш бидиҳем. Забони ноби тоҷикӣ-форсӣ ва ё форсии тоҷикӣ  он қадар доманадору густурдааст, ки асрҳо боястӣ то онро ба пуррагӣ фаро бигирӣ.

-Шумо, ки узви Итифоқи нависандагонед ва 25 сол боз ба инҷониб бознишаста ҳастед, магар дар ин муддат аз ин даргоҳ касе ба ҳолпурсиатон омада?

— Шояд, баъди мурдан. Тӯли ин солҳо аз он чӣ ба сарам чун кӯҳ болоям фурӯ рехту ҷисму ҷонамро азият дод, ҳатто ёру дӯстону намакхӯронам аз пешу канорам дурӣ ҷустанд. Шукр ба даргоҳаш мебарам, ки дар ин озмоишаш тавонистам истодагарӣ кунам. Худи ҳамин бароям давлат аст…

Ва мебинам, ки устод бо эҳсос сухан мегӯянд. Ҷисми азиятдидаашон аз он ҳама фишорҳои рӯзгор ба ларзиш аст. Вале бо ҳамон як ғурури дороёна қадам мебароранду устуворона пайи эҷоданд.

 -Ба умеди дидор,- мегӯяму аз сари миз боло мешавам.

Устод бо чашмони пуроб дастамро дошта, бо садои бо ашк омезишхӯрда, бо як муҳаббати хоса, меафзоянд:

-Гоҳ-гоҳе ёди мо ҳам кунед. Ин рӯзҳо мегузаранд. Ва дар авроқи сафеди рӯзгори мо ҳамин як калима бо ҳарфҳои заррин мемонад: Одамгарӣ!

               Андеша дар танҳоӣ.

Чун ба хона баргаштам “Фарҳанги Доро”-ро даст гирифтаму ба он дида давондам. Ва назарам ба он навиштаи академик Кароматулло Олимов бархурд, ки “Дар бораи фазилатҳои фарҳанги Доро Наҷот метавон хеле сухан ронд ва тозагиҳои онро зикр намуд. Вале бо як ҷумла метавон гуфт, ки фарҳанги мазкур падидаи замони истиқлоли давлатӣ, инъикосгари торафт ғанӣ гардидани забонӣ тоҷикӣ ва имкони васеъ доштани он барои баёни масоили гуногуни сиёсӣ, илмӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мебошад. Бинобар ин, бовар дорам, ки он дар байни фарҳангҳои мавҷуда, ҷойгоҳи шоистаро сазовор хоҳад шуд.”

Ва ҳамзамон дар нигоштаи Ҳасани Султон, узви вобасти АМИТ зери унвони “Назаре ба ганҷинаи “Фарҳанги Доро”  чунин мехонам: “Дар ибтидои садаи бисту як аз ҷониби адиби донишманди тоҷик, Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот тадвин шудани “Фарҳанги Доро” воқеан амри воҷибу табиӣ ба мушоҳида мерасад ва идомаи мантиқии роҳи дар садаи гузашта паймудаи устод Айнӣ маҳсуб меёбад.”

               Фарохтар дида дӯхтаму барчид намудам, ки шоири донишманди тоҷик дар ҳақиқат кори басо мондагореро сомон додаст ва месазад, ки чунин дастовард боиси қадршиносӣ қарор бигирад. Ба ин хотир дилпурона пешниҳод менамоям, ки ин асари мондагор бо номи “Фарҳанги Доро” барои дарёфти Ҷоизаи давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино пешниҳод гардад. Ва аминам, ки ин пешниҳод аз ҷониби аҳли илму фарҳанги ҷумҳурӣ хуш истиқбол ёфта, он заҳматҳои кашидаи муаллиф қадршиносӣ мегарданд. Аз ин рӯ аз ҳамаи онҳое, ки тақдири забону фарҳангу тамаддуни миллат барояшон арзише дорад, хоҳишмандам, бетарафӣ зоҳир нанамоянд.

Ва марбут ба ин аз Академияи улуми кишвар, ки масъули чопи ин асари гаронбаҳо мебошанд, хоҳиш доштем, ки хуб мебуд агар  ин китобро бо теъдоди зиёд нашр намуда дастраси аҳли ҷомеа мегардониданд, басо кори  арзишманде мебуд. Зеро бо теъдоди ҳамагӣ 300 нусха рӯи чоп омадани ин гуна китобҳо хело кам буда, барои мардум дастрас нест.

               Мухтори Сайидбурҳони Боқизода

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.