Манижа чеҳраи сол шуд. Рӯзноманигори сол куҷо шуд?

Дар Тоҷикистон 30 ҷавони муваффақи соли 2021 эълон шуданд.

Чоршанбе Аловатов сарояндаи ҷавони шинохтаи санъати тоҷик — ҷавони муваффақи соли 2021 эълон шуд.

Дар ин бора сароянда дар саҳифааш дар Instagram хабар дода ба Кумитаи кор бо ҷавонони Тоҷикистон изҳори сипос кардааст.

«Миннатдории худро ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон баён мекунам, ки маро бо гирифтани чунин ҷоиза қадрдонӣ карданд. Ташаккури зиёд», — навиштааст Чоршанбе.

Чоршанбе Аловатов, пас аз пирӯзӣ дар озмуни байнламилалии «Central Asia Got Talent» машҳур шуд. Ӯ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, талош мекунад, бо омезиши жанрҳои халқӣ ва муосир санъати тоҷикро дар ҷаҳон муаррифӣ кунад.

Ёдрас мешавем, ки маросими ҷоизасупории «30 ҷавонони муваффақ дар соли 2021» дар Душанбе бо ширкати муовини сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, раиси Кумитаи кор бо чавонон Абдулло Раҳмонзода ва роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо баргузор шуд.

Манижа чеҳраи сол шуд, рӯзноманигори сол куҷо шуд?

Ин маросим бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи 12 бахш баргузор шуд.

Соли равон аз ҷониби Кумита озмун барои дарёфти Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар самти адабиёт, санъат, меъморӣ, рӯзноманигорӣ, барномасозӣ, техника, технология ва инноватсия ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Аз миёни 40 нафар довталабон 20 нафар беҳтаринҳо муайян ва ғолибон дар маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон қадрдонӣ шуданд.

Инчунин дар маросими ҷоизасупорӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон қадрдонии 87 нафари дигар аз рӯи номинаҳои «Беҳтарин сохтори соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2021», «Беҳтарин мудири бахши кор бо ҷавонон», «Беҳтарин муассисаи тарғиботӣ дар самти кор бо ҷавонон», «Беҳтарин маркази ҷавонон», «Беҳтарин корманди соҳаи кор бо ҷавонон», «Беҳтарин ташкилоти ҷамъиятии кор бо ҷавонон», «Беҳтарин тарғибгари соҳаи кор бо ҷавонон», «30 ҷавонони муваффақ дар соли 2021» ва «Беҳтарин волонтёри соли 2021» мукофотонида шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *