Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Пурсиш аз Тоҷикистон: Манижа Сангинро мешиносед? (видео)

Манижа Сангин, зодаи Тоҷикистон ва муқими Русия дар озмуни Евровидение-2021 бо таронааш, ки “Russian Woman” ном дорад,  баромад хоҳад кард.

Ӯ дар овоздиҳии миллӣ тариқи телевизион пирӯз шуд. Суруди Манижа “Зани рус”-ро барои Евровидение – 2021 беш аз 39% дастгирӣ карданд.

Аммо бовуҷуди ин ҳама қисме аз мардум дар интернет бар зидди Манижа ва сурудаш баромаданд ва ҳар гуна суханҳои носазо гуфтанд.

Хабарнигори Pressa.tj ба кӯчаҳои Душанбе баромада, аз мардум пурсид, ки Манижаи тоҷикро мешиносанд ва сурудҳояшро гӯш мекунанд?

Мутаассифона, наздик 80 фоизи пурсидашудагон Манижаро намешинохтаанд ва аз эҷоди ӯ бехабар будаанд.

Гузориши видеоиро инҷо бубинед.

Ёдрас мешавем, ки Манижа Сангин, сарояндаи  зодаи Тоҷикистон дар озмуни “Евровидение-2021” аз Русия намояндагӣ мекунад. Озмуни мазкур моҳи майи соли равон  баргузор хоҳад шуд.

Соли гузашта бояд гурӯҳи Little Big дар «Евровидение» Русияро намояндагӣ мекард, вале бо сабаби пандемияи коронавирус озмун баргузор нашуд.

Манижа Сангини 30-сола дар Маскав зиндагӣ мекунад ва бештар бо таронаву фаъолияти иҷтимоиаш машҳур аст.

Яке аз таронаҳои маъруфи ӯ дар бораи муҳоҷирон – «Недославянка» аст, ки тақрибан ду сол пеш муаррифӣ шуд ва шароиту эҳсосоти пурчолиши як муҳоҷирро дар Русия дар шеваи танзу фоҷиа баён кард.

Айни замон худи ӯ сафири ҳусни нияти намояндагии Агентии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон ё UNHCR дар Русия аст.

Манижа 8 июли соли 1991 дар оилаи равоншинос Наҷиба Усмонова ва табиб Далер Ҳамроев дар Тоҷикистон таваллуд шудааст. Манижа аз рӯи ихтисос равоншинос буда, Донишгоҳи давлатии гуманитарии Русияро хатм кардааст. Бобои ӯ Тоҷӣ Усмон шоир, нависандаи маъруфи Тоҷикистон  буд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.