Мансабдорон муваззаф шудаанд,ки бо забони адабӣ гап зананд

Дар Тоҷикистон санаде ба иҷро даромад, ки мансабдорони ниҳодҳои давлатии санҷиширо муваззаф мекунад, ба «миллатгароӣ», «маҳалгароӣ» ва «хешутаборбозӣ» роҳ надиҳанд. Дар Тоҷикистон ҳоло 31 сохтори давлатӣ аз ҳаққи тафтиши соҳибкорон, ширкатҳои хусусӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ бархӯрдоранд. Бисёре аз соҳибкорон мегӯянд, ки санҷишҳои зиёд ба рӯҳия ва ҷараёни кори онҳо таъсир гузошта, гоҳе боис ба дилшикастагӣ мешавад.

Мансабдорон муваззаф шуданд, ки бо забони адабӣ гап зананд

Санади нав «Кодекси одоби шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ» ном дошта, бо қарори ҳукумат ва имзои раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ шудааст. Ин кодекс аз 5 боб иборат аст ва шурӯъ аз рафтору одоб то фарҳанги суханронӣ ва муносибати шахсони мансабдорро ба тӯҳфаҳо танзим мекунад Барои мисол, дар мавриди рафтори мансабдорон дар боби 2-и кодекс гуфта шудааст, «шахси мансабдор рафтор ва эҳсосоти худро назорат намуда, нагузорад, ки майл ё бадбинии шахсӣ… ба қабули қарор таъсир намояд».

Дар ҳоле ки бисёре аз шаҳрвандон аз забони дағал ва лаҳҷавии бисёре аз мақомдорон шиква мекунанд, ин кодекс донистан ва бо забони адабии тоҷикӣ сухан рондани мансабдоронро яке аз вазифаҳои онҳо донистааст.

Кӣ ҳаққи гирифтани тӯҳфаҳоро дорад?

Дар ин санад, ҳамчунин гуфта мешавад, «дар нутқи шахси мансабдор  суханҳое, ки ҳамчун таҳқири гурӯҳҳои муайяншудаи иҷтимоӣ ва ё маҳаллу миллатҳои алоҳида истифода мешавад, набояд ҷой дошта бошад». Пас аз бандҳои фарҳангу рафтор ин кодекс ба масъалаи муносибати мансабдорон ба туҳфаҳо низ дахл мекунад. Ҳадаф аз ин банд муқовимат бо фасод ва нигоҳ доштани беғаразии шахси мансабдор ҳангоми санҷиш будааст.

Боби чоруми кодекс мансабдорони мақомоти санҷиширо аз гирифтани тӯҳфаҳо, мукофот, ифтихорнома маҳрум мекунад. Меҳмондорӣ ва ё муносибати хешутабории мансабдор низ бинобар муқаррароти ин кодекс набояд ба натиҷаи санҷиш таъсиргузор бошад.

Дар сурати нақзи кодекс чӣ ҷазо хоҳанд дид?

Бинобар қарори ҳукумати Тоҷикистон ваколати назорати иҷрои ин кодекс бар дӯши Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вогузор шудааст.  Инчунин, маълум нест, дар сурати вайрон кардани муқаррароти ин кодекс мансабдорон чӣ гуна ҷазо хоҳанд дид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *