Мансур дар Душанбе: Пойтахт гармтар мешавад

Сарояндаи номвари эронитабори Амрико Мансур Ҷаъфарӣ ба Тоҷикистон меояд ва дар доираи Фестивали тобистонаи Душанбе 2019 дар “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт ҳунарнамоӣ хоҳад кард. Фестивали мазкур 17-18-уми август баргузор мегардад.

Сарояндаи номвари эронитабори Амрико Мансур Ҷаъфарӣ ба Тоҷикистон меояд ва дар доираи Фестивали тобистонаи Душанбе 2019 дар “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт ҳунарнамоӣ хоҳад кард. Фестивали мазкур 17-18-уми август баргузор мегардад.

«Dushanbe Summer Fest»-2019

Ин фестивал соли дуюм аст, ки бо ташаббуси шаҳрдорӣ баргузор мешавад ва чорабинии хеле бошукӯҳу ҷолиб аст. Соли равон ин фестивал бошукӯҳтар ба нақша гирифта шуда, тобистони гарми Душанберо гармтар хоҳад кард.

Дар ин чорабинӣ сокинони пойтахтро парвоз дар  кураҳои ҳавоӣ,  бозиҳои рангоранг ва барномаҳои шавқовар барои хурдсолон, пешниҳоди беҳтарин шириниҳо  барои дӯстдорони он,  ташкили гӯшаи писандидаи  ҷавонон,  навъҳои гуногуни хӯрокҳои миллӣ, нуқтаҳои фурӯши меваҳои шаҳдбор, тамошои ҷаҳиши парашутчиён ва бурдҳои қиматнок интизор аст.

Ҳамчунин, аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии Дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳанд, ки дар фестивал барои сайругашти оилавии шаҳрвандон тамоми шароит фароҳам оварда мешавад.

Вуруд ба фестивали мазкур тавассути «CityCard» — корти нақлиёти мусофиркаши шаҳри Душанбе ба роҳ монда  мешавад.  Нархи  вуруд ба фестивал то 30 сомонӣ буда, даромад барои хурдсолони то 10-сола ройгон аст.

Фестивали тобистонаи Душанбе-«Dushanbe Summer Fest» бори нахуст соли 2018 баргузор шуд ва  сазовори   Ҷоизаи    байналмилалии нуқрагин дар соҳаи  баргузории барнома  ва рӯйдодҳои маркетингии  Осиёи Марказӣ («Event Awards Central Аsia»)  гардид.

Дар фестивали соли гузашта зиёда аз 40 ҳазор нафар ширкат карда буданд. Соли равон фестивал калонтар хоҳад шуд ва иштироки теъдоди бештари одамон дар назар аст.

Дар баробари чорабиниҳои мухталиф, ки ширкатҳои гуногуни дохиливу байналмиллӣ  — шарикони шаҳрдорӣ баргузор мекунанд, дар фестифал ҳунарнамоии  санъаткорони машҳур дар назар аст. Аммо ба гумони ғолиб туҳфаи асосӣ ва меҳварии ин фестивал иштирок ва ҳунарнамоии Мансур мебошад. 

Мансур Ҷаъфарӣ кист?

Мансур Ҷаъфарӣ яке аз машҳуртарин сарояндагони Шарқ мебошад. Ӯ аз насли нави сарояндагони дар бадарға, будаи эронӣ аст, ки дар ҷануби Калифорния иқомат дорад. Мансур соли 1971 дар шаҳри Теҳрон ба дунё омадааст. Кӯдакии ӯ ба даврони инқилоб дар Эрон ва сарнагун шудани Ризошоҳу ба қудрат омадани режими исломӣ, ҳамчунин ба ҷанги Ироқу Эрон рост омад. Ин сабаб шуд, ки волидайни ӯ ба сафи миллионҳо муҳоҷир пайваста, ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бираванд.   

Мансур аз хурдсолияш ба санъат рағбат дошт ва аз ҷавонӣ дар мактаб аллакай истеъдоди баланди худро нишон медод. Ӯ дар байни ҷомеаи эрониёни Амрико чун ҳунарманди ҳаваскор, ки дар шабнишиниҳои гуногун баромад мекард, шуҳрат пайдо кард. Пеш аз хатми мактаб, Мансур ба худ қарор медиҳад, ки овозхони касбӣ шавад.

Фаъолияти эҷодии Мансур аз соли 1991 оғоз шуд ва соли 1994 нахусталбомаш “Фирфираҳои бебод”-ро пешкаши мухлисон кард. Он таваҷҷуҳи насли нави форсизабонони муҳоҷирро, ки ба мусиқии Гарб дода шуда буданд, ба худ ҷалб кард. Ин албом машҳур гардид ва ба Мансур имкон дод, ки се албоми нав: “Тасвири охир”, “Дарича” ва “Қаиқи коғазӣ” барорад.

Соли 1999 Мансур ба суруднависӣ машғул мешавад ва албоми панҷуми худ “Фақат ба хотири ту”- ро мебарорад.  Пасон албомҳои  “Ди вуне”,  “Азизи диламӣ”, “Қашанге”, “Фирорӣ”, “Зиндагӣ” пайиҳам пешкаши мухлисонаш шуданд ва ба ӯ шуҳрати ҷаҳонӣ оварданд.

Мансур зуд дар ҷомекаи форсизабон шуҳрат ёфт ва шурӯъ аз солҳои 2000-ум сарояндаи маҳбуби тоҷикистониён шуд.

Мансур: “Тоҷикон самимитарин халқанд”

Бори аввал Мансур ба Тоҷикистон соли 2004 ва бори  дигар 2011 ба Тоҷикистон сафари ҳунарӣ анҷом дода буд.  Консерти Мансур дар Душанбе дар “Кохи Борбад” баргузор гардид. 

Он замон Мансур дар Душанбе сурудҳои “Дунё-дунё», “Дивуне”, “Зиндагӣ чист?”, “Мехоҳам бароят бирақсам”, “Надидӣ ту хобам”, «Мисоли ман ошиқ”, “Қарорамон ёдат наре”, ”Фақат ба хотири ту”, “Чашмон сиёҳ” ва монанди инро иҷро карда буд, ки ҳар яке баъдан дар Тоҷикистон вирди забонҳо шуданд. 

Қасри Деваштичро дар Панҷакенти қадим ҷустуҷӯ доранд

Таассуроти Мансур аз консерти Душанбе чунин буд:

“Консерти ман хеле хотирмон буд. Маро тоҷикистониҳо хуб ва гарм пешвоз гирифтанд. Гулҳои зиёд ҳадя карданд, ҳатто касе ба ангушти ман ангуштарӣ гузаронид ва нафаре ба ман гарданбанди гаронбаҳо тӯҳфа кард. Ҳамаи ин маро водор мекунад, ки дар бораи Душанбе, дар бораи Тоҷикистон ҳамеша фикр кунам.”

Ин омадурафтҳо сабаб шуд, ки дар солҳои баъдӣ Мансур бо сарояндагони тоҷик равуо кунад. Махсусан ҳамкориҳои ӯ бо Садриддин Наҷмиддин ва Шабнами Сурайё самар овард ва онҳо консертҳои якҷоя ҳам баргузор намуданд.

Мансур дар мавриди тоҷикон мегӯяд:

“Ман ин ҳарфҳоро самимӣ мегӯям. Тоҷикон мардуми тарбиядида ва самимӣ ҳастанд, бинобар ин, ман онҳоро дӯст доштам. Ман тӯли солҳои кори эҷодӣ бо мардуми зиёде кор кардам, аммо муҳббати воқеиро дар Тоҷикистон дидам.  Дидам, ки инсонҳо чӣ тавр бо ҳам меҳрубон ҳастанд ва аз ҳама ҷолиб меҳмонро чӣ қадар эҳтиром мекунанд. Ин бузургии шумо тоҷикон аст.”

Оила, эҷодиёт, атриёт…

 Мансур оиладор ва соҳиби се фарзанд аст. Ду писари нахустинаш дугоник буда, Ҷуно ва Илоижо, духтараш Даниэлла ном дорад.

Эҷодиёти Мансур бою рангин аст ва ӯро асосгузори сабки нав дар мусиқии эронӣ унвон мекунанд.

Мансур мегӯяд: “Ман раванди эҷодиро дӯст медорам. Тӯли 20 соли охир аксари сурудҳоямро худам менависам ва аз шоирон хоҳиш мекунам, ки матни онро иншо кунанд. Умуман, қариб 200 суруд эҷод кардаам.”

Соли 1999 режиссёри ҷавон ва ношинохта Бобак Шаҳриён ба Мансур пешниҳод кард, ки дар филми ӯ  «America is so beautiful» — “Амрико чӣ қадар зебост” нақш офарад.

“Ин филми ҳуҷҷатӣ аст, ки дар он ман нақши муҳоҷири эронӣ, ки ба Амрико меояд, иҷро кардам. Қаҳрамони ман ҳанӯз бо забон, фарҳанг, тарзи зиндагӣ ва урфу одатҳои кишвари нав ошно нест. Ӯ дар Амрико бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ мешавад, бинобар ин ӯ бояд дар бисёр маврид таваккал кунад ва аз душвориҳо берун ояд. Ин филм доир ба рӯзгори ман, ба рӯзгори оилаи ман ва ба рӯзгори миллионҳо эронии муҳоҷир монанд аст”- мегӯяд Мансур.

Мансур аз он афсӯс мехӯрад, ки ӯ наметавонад дар ватани аҷдодиаш Эрон консерт баргузор кунад:

“Албатта, кори ман, мусиқии ман барои форсизабонон аст, барои Эрон аст, ки ман ба он дастрасӣ надорам. Вақте ба Тоҷикистон меоям худро дар ватани аҷдодиям эҳсос мекунам. Дар консертҳои ман дар Тоҷикистон эрониёни зиёде ширкат доштанд. Умедворам, ки рӯзе сиёсатҳо тағйир биёбад ва ман битавонам дар Эрон ҳунарнамоӣ кунам.”- орзу мекунад, сароянда.

Мансур аз соли 2007 таҳти унвони “Мансур” атриёти мардонаву занона истеҳсол мекунад, ки дар бозорҳои Аврупо ва Дубаю Туркия харидори зиёд дорад. 

Интизор меравад, ки дар Фестивали тобистонаи Душанбе Мансур сурудҳои ҷадиди худро пешкаши мухлисон кунад ва тамошобини тоҷикро қонеъ созад.

Садриддин: Омадани Мансур пайванди дубора аст

Садриддини Наҷмиддин, сарояндаи маъруфи тоҷик, ки бо Мансур борҳо муштарак суруд хондааст, омадани ӯро ба пойтахти Тоҷикистон фоли нек медонад:

“То солҳои 2012 -2014 талошҳои зиёде сурат гирифт, ки бо сарояндаҳои форсизабон робитаҳоямонро мустаҳкам кунем. Дар ин давра ҳам аз Эрон, ҳам аз Афғонистон ва ҳам аз Аврупову Амрико форсизабонони зиёде ба Душанбе меомаданд ва моро ба консертҳояшон даъват мекарданд. Аммо бо сабабҳои мухталиф ин раванд, қариб ки аз байн рафт. Омадани Мансур ба Тоҷикистон пайванди дубора аст.

Ҳамчунин, ба наздикӣ хабаре хондам, ки сарояндаи маъруфи эронӣ Эбӣ ҳам ният дорад, ки дар Душанбе консерт баргузор кунад. Умедворам, ки консерти Эби низ хуб гузарад.”

О. СОҲИБЗОДА,

“Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *