Маоши кормандони Академияи милли илмҳои Тоҷикистон зиёд мешавад

 Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар бо имзои як қарор маоши корманони Академияи милли илҳои Тоҷикистонро балан кардааст, хабар медиҳад котиботи президент.

«Бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии кормандони раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он, мутобиқи моддаҳои 147 ва 149 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам», — афзудааст манбаъ.

Тибқи фармон, андозаи маоши амалкунандаи вазифавии кормандони раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он аз 1 сентябри соли 2021 мувофиқи замимаҳои 1 ва 2 зиёд карда шавад.

Ҳукумати кишвар вазифадор гаштааст, ки дар муҳлати як моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро ба фармони мазкур мутобиқ намояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *