Марҳабо “Ҷашни Саодат”. “Янгаи Меҳрубон” 70-сола шуд!

7 ноябр соати 10:00 дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ бенефис-маҳфили Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Саодат Азизова баргузор мешавад. Алоқамандони ҳунари ин актрисаи саршиноси тоҷик дар рӯзи истироҳат метавонанд дар маҳфил ширкат ва ғизои маънавӣ бигиранд.

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Саодат Азизова дар шаҳри Панҷакент таваллуд шудааст. Пас аз хатми шӯъбаи актёрии факултаи санъати Донишкадаи омӯзгории ба номи Шевченко соли 1973 фаъолияти эҷодии худро дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ оғоз кардааст.

Дар тӯли фаъолияти эҷодии худ Саодат Азизова даҳҳо нақшҳои ҷолибу хотирмонро бо маҳорати баланд иҷро намудааст.

Иштирокчии чандин ҷашнвораҳои байналмиллалии театрӣ, аз ҷумла ғолиби фестивал озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту” – 1999”, барандаи ҷоизаи “Беҳтарин нақши занона”, барои иҷрои нақши Зани Осиёбон дар намоиши “Марги Яздигурд”- Б. Байзоӣ сазовор гардидааст.

Бо ҳунару истеъдоди худодод, ин ҳунарманди асил дар як қатор мамолики Шарқу Ғарб, аз ҷумла Эрон, Белгия, Фаронса, Голландия, Полша, Москва, ҳунари худро муаррифӣ кардааст. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ҳамчун омӯзгор курси махсуси актёронро мураттаб ва тадрис намуда, ба таъсиси Театри давлатии Данғара асос гузоштааст.

Ҳамчунин, дар камолоти ҳунарии шогирдони студияи Лоҳутӣ ба ҳайси коргардон – омӯзгор саҳми босазо гузоштааст. Бо иқдоми Саодат Азизова дар наздӣ театри Лоҳутӣ осорхонаи театрӣ таъсис ёфт, ки он бо аксҳои нодир, санадҳо ва дигар нигораҳои ҷолиб таҷассумгари таърихи беш аз 90 — солаи театри тоҷик мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *