Мард ҳамсарашро бо табар кушт

Бино ба иттилои расонаҳо Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми як муттаҳам дар қатли ҳамсарашро содир кардааст.

Шарипов М.Д. бар пояи моддаи 104 қ. 2, банди “е”-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон 23 сол аз озодӣ маҳрум шудааст.

Мувофиқи маълумотҳономбурда, субҳи рӯзи 11 январи соли равон барои бидуни иҷоза ба хонаи волидонаш рафтани ҳамсараш Саидова М.М. бо ӯ ҷанҷол мекунад: “Шарипов М.Д. дар ғазаб шуда, аз фарши ошхона табарро, ки барои иҷрои корҳои хоҷагидорӣ нигоҳ дошта мешуд, гирифта, бо дасти чапаш аз гиребони Саидова М.М. сахт дошта, бо дасти росташ бо табар бо бераҳмии махсус якчанд маротиба ба қисматҳои гуногуни сари завҷааш задааст”.

Дар пайи ин ҳодиса, Саидова М.М. дар ҷойи ҳодиса вафот кардааст.

Гуфта мешавад,ки Шарипов ва Саидова охирҳои моҳи декабри соли 2005 хонадор шуда ва соҳиби се фарзанд будаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *