Мард соҳибхоназанро лату кӯб карда, телефонашро тасарруф намуд

Марди пешсудшуда рӯзи 1 март ҳангоми дар хонаи иҷоравии зани 34-сола, воқеъ дар шаҳри Душанбе қарор доштанаш, ӯро лату кӯб карда, бо роҳи ошкоро 1-адад телефони мобилиашро тасарруф намудааст. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе зани 34-солаи сокини ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат дар он хусус муроҷиат намудааст, ки 1-уми марти соли 2020, тахминан соати 23:00, марди 30-солаи сокини ҷамоати деҳоти Тутараки ноҳияи Восеъ, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳангоми дар хонаи иҷоравии ҷабрдида воқеъ дар шаҳри Душанбе қарор доштанаш, ӯро лату кӯб карда, бо роҳи ошкоро 1-адад телефони мобилии тамғаи «Ойст РТС», ки арзишаш ҳазор сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

«Айни замон нафари гумонбаршуда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, корҳои тафтишотӣ идома дорад», — омадааст дар иттилоия.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *