Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Марди беҳушро милиса зад ё мошин? (Видео)

Дар Интернет як видео нашр шудааст, ки ба гуфтаи муаллифонаш, бадрафтории кормандони мақомоти интизомӣ дар яке аз кӯчаҳои шаҳри Кӯлобро нишон медиҳад. Марде дар ин навор дар рӯи роҳ беҳуш хобидааст ва як марди тануманди дигар, ки корманди давлат номаш мебаранд, мегӯяд, «ман худам ҷавобашро медиҳам.”

Дар навори видеоӣ, ки аввал дар шабакаи Одноклассники нашр шуд, марди солманде бо куртаи сафед дида мешавад, ки дар рӯи роҳ ба пушт хоб аст ва тоқиашро сари синааш гузоштаанд.

Дар атрофи ӯ издиҳоми зиёде ҷамъ шуда, чанд нафар аз як марди тануманди дар танаш костюм, ки низ онҷо меистод, мепурсанд, ки чаро ин мардро задӣ? Ӯ мегӯяд, ки пиён(маст) буд.

Дафъатан аз вай мепурсанд, ки магар барои ки маст буд, бояд мезадиаш? Марди танууманд аз ҳарфи аввалаш даст кашида, ин дафъа мегӯяд, ки «ман назадамаш, вале ҷавобашро мегӯям. Гап дорӣ?” Касе мепурсад, магар ягон буққаӣ? Ва ҷавоб мегирад, ки «ман ягон буққа нестам.”

Дар идомаи навор ин марди тануманд худро коркуни давлат муаррифӣ мекунад ва мардум аз байни издиҳом эътирозомез мегӯянд, «коркуни давлат ҳам бошӣ, дар раҳ задан мумкин нест одамро.» Дар ҳамин лаҳза як нафар пеши дурбини камераро лаҳзае чанд мепӯшад, то давоми ҳодиса сабт карда нашавад.


Маълум нест, ки ин марди дар рӯи раҳ афтодаро латукӯб кардаанд ё бо мошин задаанд. Вале чанд нафар аз байни издиҳом марди танумандро ба задани вай гунаҳкор мекунанд ва мегӯянд, ки «ту худат ҳам мастӣ-ку.”

Як нафар бо либоси милиса низ дар ин навор ҳузур дорад, вале бештар нақши тамошобинро иҷро мекунад ва ҳамеша дар гӯшаш гӯшии телефон аст. Танҳо дар як лаҳзаи ин навор ӯ ҳамоно гӯшии телефонаш дар гӯш аз марди тануманд мепурсад, ки «чаро ӯро задӣ?”

Дар поёни навор издиҳом марди костюмпӯшро маҷбур мекунанд, ки марди дар рӯи раҳ афтодаро худаш ба мошини такси бор карда, ба беморхона барад. Навор бо ҳамин лаҳзаи ба такси шиштани марди тануманд анҷом меёбад.

Кай ва дар куҷои Кӯлоб рух додани ин ҳодиса маълум нест, вале дар шабакаи Одноклассники ин навор бори аввал рӯзи 27 август нашр шудааст.

Бознашр аз «Ахбор»

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.