Мардони хиёнаткорро дор кашед, мегӯяд хонандаи мо Шамима

Дар зиндагӣ шахси дармонда ҳастам. Синам ба 20 расидааст. Зиндагиямро се сол шуд. Дар аввал аз зиндагиям шикоят надоштам вале баъди хашт моҳи оиладориям шавҳарам ба муҳоҷират рафт. Тавассути «Одноклассникӣ» бо зани ду кӯдакдори аз шавфҳараш ҷудо шуда, ошноӣ пайдо намуд. Бо вуҷуди ин дар як рӯз ба ман то даҳ маротиба занг мезад вале ягон зарра нисбатам  меҳрубон набуд. Аксарият вақтҳо ба ман занг зада, ҳамроҳам ҷанг мешуд ва ҳафтаҳо қаҳрӣ мешуд. Аз баски ӯро дӯст медоштам ба ҳама суханҳои қабеҳаш тоқат мекардам. Баъди 5 моҳи дур аз хонаву дар ӯ ба хона баргашт. Вақте телефонашро аз назар гузаронидам, дунё дар назарам чаппагардон шуд. Ба он зани ду кӯдакдор ончунон суханҳое гуфта буд, ки ман ҳамсараш шуда, то он вақт аз забонаш ягон сухани хуш нашунида будам. Шавҳарам муддати 5 моҳи дар наздам набуданаш меҳрашро пурра ба он зан бахшида буд. Ҳамонрӯз сӯҳбати онҳоро аз саҳифаи интернет хондам, дар батнам кӯдаки якумам ду моҳа буд. Баъди хондани он саҳифаҳо аз шавҳарам пурсон шудам, ки дар ҳайёти умрат киро дӯст медорӣ? Зеро ба он зан гаштаву баргашта, туро дӯст медорам навишта буд. Аз ин хотир аз ӯ пуросидам ва гуфтам. Ки росташро бигӯ дапр дили ту ман ёкаси дигар маъво гирифтаам. ӯ дар ҷавоб бигуфт: “ туро модар ва апаву хоҳарамро”. Вақте, ки туро гуфт зуд хашмгин шуда илтимос номи маро нагир, зеро ба гапат бовар надорам гуфтам. Сабаб пурсид, зуд саҳифаи смс-ҳояшро нишон додам ва ба дасташ дода инҳорро хон гуфтам. Рангу рӯяш сапсафед гашта , ҳамашро зуд тоза кард ва ба ман рӯ овард: “Занакҷон, ман туро барои тамоми ҳайётам гирифтаам, илтимос ба ҳар чизи беҳуда саратро вайрон накун, маро ҳам беҳуда ғам дода, зиндагии ширинамонро тадх насоз”. Хотири кӯдаки батнам хомӯш шудам вале дигар ба Русия нарафтанашро хоҳ иш намудам, ӯ низ қабул кард. Чизе, ки имрӯз маро азият медиҳад, дилсардӣ нисбати шавҳарам аст. Баъди он хиёнаташ агар чи соҳиби се фарзанд шудем вале он рашкро аз дилам берун карда натавонистам. Ҳарборе ба рӯи шавҳарам нигаристан,суханҳои ба он зан гуфтааш ба ёдам мерасад. Дилгир шудам аз чунин зиндагӣ. Муносбати шавҳарам бо ман хуб аст вале дили ман азӯ тамоман мондаст. Ба наздикӣ фарзанди сеюммамон ба дунё омад вале зиндагии бе меҳру муҳаббатро дигар намехоҳам. Илтимос мардони азиз, агар ҳамсаратон зарае қадр дошта бошад, каме фикри хушбахтии ӯро кунед. Зиндагӣ танҳо бо дилхушии шумоён пеш намеравад. Афсӯс сад афсӯс, ки мо занҳо ҳамеша дар фикри кору бори зиндагиву ба воя расонидани фарзандон банд шуда, худамонро фикр намекунем ва он ҳисиёте, ки дар дил дорем аксарияташро шарму ҳайёи занонаву зани тоҷик буданамон намегузорад, ки баён созем.

Шамима

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

16 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *