Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Марг бар асари сангпартоӣ

Маҳмадзамон Наврӯзони 32-сола аз зарби санг, ки аз баландӣ аз ҷониби ду ҷавон партоб шуда буд, ба ҳалокат расид.

Дар ин бора сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд хабар додааст.

Бино ба иттилои ин манбаъ,  рӯзи 29-ми декабр дар деҳаи Оббурдон, ҷамоати деҳоти Иван- Тоҷики Кӯҳистони Масчо Партавзода Шермуҳаммади 17-сола бо дӯсташ Муллозода Масъудҷони 18-сола аз баландӣ ба зер санг партов кардаанд ва аз зарби ин санг  Маҳмадзамон Наврӯзон, сокини ҳамин деҳа ба ҳалокат расидааст.

Сабаби ин ҳодиса муноқиша ва ё тасодуфан рух доданаш то ҳол маълум нест ва айни замон  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тафтишоти пешакии қазияро оғоз кардаанд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.