Марги донишҷӯ ва ронанда дар садамаи нақлиётӣ

Дар натиҷа худи ронанда ва мусофири автомашина Аминов Баҳром, донишҷӯи соли 1-уми Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар ш. Хуҷанд ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ” ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Юсупов Хусрав ҳангоми ҳаракат аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро чаппа намудааст, ки дар натиҷа худи ронанда ва мусофири автомашина Аминов Баҳром, донишҷӯи соли 1-уми Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар ш. Хуҷанд ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

Тавре манбаъ иттило медиҳад, санаи 29-уми апрели соли 2019, тахминан соати 04:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Юсупов Хусрав Зокирҷонович, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Шаҳристон, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Спитамен аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро чаппа намудааст. 

«Дар натиҷа, ронанда Юсупов Х.З. ва мусофири автомашинаи мазкур Аминов Баҳром Обидович, соли таваллудаш 2000, донишҷӯи соли 1-уми Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар ш. Хуҷанд, сокини ноҳияи Шаҳристон, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд», — омадааст дар иттилоия.

Ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *