Марги ду бародари ҷавон дар як садама

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз рухдоди як садамаи мудҳиши нақлиётӣ хабар медиҳад, ки дар пайи он ду бародар ба ҳалокат расидаанд.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, садамаи нақлиётии мудҳиш санаи 8-уми сентябр тахминан соати 23:20-дақиқа дар роҳи Бохтар Душанбе сар задааст.

Ба иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс С-240”, Тошев Парвизи 25-сола, сокини ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи А.Ҷомӣ дар назди меҳмонхонаи “Бохтариён”-и шаҳри Бохтар аз уҳдаи идора кардани автомашина набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада ба автомашинаи боркаши тамғаи “Хино”, ки таҳти идораи Абдулмуҳиди Абдухалили 23-сола бархурдааст.

Манбаъ мегӯяд, дар натиҷа, мусофирони худрави тамғаи “Мерседес-Бенс”, Гурезов Меҳроҷ Музафаровичи 27-сола ва додараш Гурезов Афзалшо Музафаровичи 23-сола сокинони ҷамоати деҳоти Ифтихори шаҳри мазкур дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасанд.

Мусофири дигари автомашинаи мазкур Қосимов Қурбонали Эмомович, соли таваллудаш 1989, сокини ҳамон ҷо ва худи ронанда Тошев Парвиз ба саломатиашон ҷароҳатҳои вазинини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ мегарданд. афзудааст манбаъ.

ВУД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *