Марги ду зан аз дандони гургҳо дар арафаи иди модарон

гургҳо дар ин ҳамла шиками модару духтарро пора кардаанд. То ба ҳол номи қурбониёни ин ҳодиса эълон нашудааст.

Дар деҳаи Мденхори ҷамоати Поршневи ноҳияи Шуғнон бар асари ҳамлаи гургҳо, як модару духтар ҷони худро аз даст додаанд. Ҳодиса субҳи барвақти имрӯз, 7-уми март, иттифоқ афтодааст.

Умеда Юсупова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳодиса замоне рух додааст, ки модару духтар барои зарурате ба ҳавлии хона берун баромаданд. Ба гуфтаи вай, қурбониёни ин ҳодиса модари 83-сола ва духтари 55-солаи ӯ мебошанд.

Масъулини ҷамоати Поршнев дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рух додани ин ҳодисаро тасдиқ намуданд ва гуфтанд, ки гургҳо дар ин ҳамла шиками модару духтарро пора кардаанд. То ба ҳол номи қурбониёни ин ҳодиса эълон нашудааст.

Ин нахустин ҳамлаи гургҳо ба сокинони маҳаллӣ нест. Қаблан низ дар вилояти Бадахшон дар пайи ҳамлаи ҳайвоноти ваҳшӣ аҳолӣ ҷони худро аз даст дода буданд. Аз ҷумла дар моҳи феврали соли 2013 сокини 81-солаи деҳаи Баҷуви ноҳияи Рӯшон Наботбегим Худодова аз ҳамлаи гургон захм бардошта, дар ҷойи ҳодиса ҳалок гардида буд.

Моҳи январи ҳамон сол як хонуми солхӯрдаи сокини деҳаи Сижди ноҳияи Шуғнон Озода Саиднуруллоева ҳам мавриди ҳамлаи гургҳо қарор гирифт. Селаи гургон ба сокини 90-солаи ин деҳа ҳамла карда, ӯро шадидан маҷрӯҳ карданд. Ӯ муддати зиёд дар бемористон захми дандони ин ҷонвари ваҳширо муолиҷа кард.

Мутахассисон мегӯянд, гург як ҷонвари нирӯманд буда, дар сурати ноилоҷӣ ва гуруснагии шадид, аз инсон намеҳаросад. Маъмулан шикори гургон ба таври гуруҳӣ сурат мегирад ва аз ин хотир, ҷилавгирӣ аз ҳамлаи онҳо ҳам кори осон нест.

Бознашр аз Озодӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *